Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа
– Шумоён колхоза мехуред... Кефич мекунеду боз касофати ман?! – ғут-ғут мекард Самеъ.
Вале Ҳусейн ба вай ҷавоб надод. Ба миён сукунати тамом афтод. Аслан, ба сухан майлу мадори онҳо набуд. Ҳатто аз овози якдигарӣ дилгир буданд, вале хомӯшии мутлақ дилҳои онҳоро фишор медод, дар назар чунон менамуд, ки ба ҳамин минвол хомӯш, ҳарфе назада ҳалок хоҳанд шуд. Аз ҳамин сабаб суханони чандин бор гуфтаву шунидаашонро боз мегуфтанду мешуниданд ва якбора худ аз худ хомӯш мешуданду беҳолона ғанаб мекарданд.
Баъди хеле хомӯшӣ Ҳусейн якбора ба гап даромаду мавзӯи аввалро идома дод:
– Сиҳату саломат аз ҳамин ғор бароям... Чӣ гӯям?.. Якто гӯсфанд кушта ба халқ...
– Ина гуфта будӣ... – даст афшонд Рашид. – Ҳамаи ҳимматат ҳамин аст?! Гумонам ин дафъа барои азизу авлиё ин ғор гов ваъда мекунӣ.
– Якта говба додоша мефурӯшад ин! – пичинг кард Самеъ.
– Ту чӣ? Ту ҳам гап зан! – заҳрханда кард Ҳусейн. – Дар хонаат аз ҳалол як мурғ нест, аз ҳаром – як гурба.
– Ҳе, ту барин молдора... – Самеъ дашном доду Рашид барои пешгирӣ кардани ҷанги нав ба миён даромад:
– Ҳой, шумо ҳар ду бас мекунед, ё не?! Э, ақлатона ба ҷояш биёред, худамон дар чӣ ҳолу... Э, аз барои савоб, аҳмақӣ ҳам ба эбаш-да! Мардбача ин хел майдагапу эзма мешавад?! – оҳиста-оҳиста ғазаби Рашид ҷӯшиду суханони сахт гуфтан гирифт. – Ҳар ду ҳам хонашеру майдонғариб! Дилу гурдаатон бошад, ана, рафта вай ҷонвара гиред! Пагоҳ-фардо тап-тап афтода мемурему боз бадгӯӣ, дашном. Аҳмақ будед, – бо наф-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё