Зеҳн
Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ҳамон дӯсташ ҳам ба биҳишт рухсат гирифта ба биҳишт
даромада омадааст. Мард ҳайрон монда пурсидаст: “Ту гуфта
будӣ, ки буду шуд арзан барин савобам ҳаст, бигир... ба
биҳишт чӣ хел даромадӣ?” Он дӯсташ гуфтааст: “Рост мегӯӣ,
арзан барин савоб доштам, ба ту бахшидам. Барои ҳамин хел
завқи Худо омаду аз ҳамаи гуноҳам гузашт. Ана, ҳамин хел ба
одамон холисона, бетамаъ некӣ кун”, мегуфтанд додом...
Аммо аз дасти ман чӣ меояд... Мушкили инҳоро осон карда
наметавонам. Агар ягон илоҷе меёфтам...
– Даҳани ғора кофтан ба ёди ҳеҷ кас наомад... Чандин
бор кофта омадагистанд... мо бехабар. – гӯён Ҳусейн ӯро аз
чанги андеша раҳонид.
– Баҳор омад... Тоқат кунед, – дилбардорӣ кард Рашид.
– Баҳор омадан қатӣ кӣ ин ғора, мекушояд?! Аз ҳол
рафтем... Аз ҷоям хезам, зонуҳоям дир-дир меларзанд, – гуфт
Ҳусейн ва маъюс оҳ кашид.
– Ба сарашон ягон мушкил афтад, одамон мушкилкушо
мекунанд... Ҷӯраҳо, бед ягон ният кунем, шояд...
– Ман ба ин хел гапу корҳо бовар намекунам, – сухани
Самеъро бурид Рашид.
– Ту ният кун, ки Гуландом кампира дигар озор намедиҳӣ. Тавба кардам гӯй, – ба Самеъ хитобан зери лаб ғурунгос
зад Ҳусейн.
– Э, вай пеш, хурд будам.
– Ана, дуои ҳамон кампири бечора гирифт!
– Тура дуои кӣ гирифт? Ина чӣ? – ба шӯр омад Самеъ.
– Мо ба касофати ту...
– Гов мурад ҳам, боз чашмаш ало... Даҳани бӯйноки ту
ҳеҷ дуруст нашуд, – озурда гашт Самеъ.
– Ҳоло кӣ пеш мемурад – маълум не.

пешина
аз 192
навбатӣ