Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа
Заррае умеди наҷот набошад ҳам, то дами охиринаш мӯъҷизаеро чашмдор аст. Дар дили бачаҳо ҳамин умеди мӯъҷизаи номаълум фурӯзон буд ва онҳо гоҳе вазъи худро як нохушии муваққат мешумурданду ба гуруснагӣ мардонавор тоқат мекарданд, ҳатто ба шиканҷаи он эътибор накарда, аз майда-чуйдаҳои зиндагии худ гуфтугузор доштанд.
Рашид фикр мекард, ки бо реша чанд рӯз зинда мондан
мумкин бошад. «Решаю алаф бисьёр не, баъди ягон ҳафта ҳеҷ
чиз намемонад, сонӣ чӣ кор мекунанд? Дар ин ғор боз чӣ хел
хӯрданӣ ёфтан мумкин?.. Як моҳ... Ҳеҷ набошад, бист рӯз зинда ба по устувор мондан даркор аст...»
– Рашид, ҳой Рашид, – Самеъ риштаи хаёли ӯро канд. –
Ман ба ту ҳайронам: хайр, ана, хонда духтур шудӣ, чанд пул
мегирӣ?.. Моҳоната мепурсам. А?
– Надонам, – бо ҳайрат ба рӯи Самеъ нигарист Рашид.
Сипас гуфт: – Ҳафтод-ҳаштод сӯм, зиёд не.
– Ҳамид барин шофёрҳо ҳафтод-ҳаштод сӯма дар як шаб
меёбанд. Ба худо, ки ҳеҷ намефаҳмам, чиба мехонӣ ту? Охир
чӯпон шавӣ ҳам, моҳе дусад мегирӣ-ку! А? Ё кори осони
бедарди миён-да?
– Гумонат кори духтур осон аст?
– Хайр, чиба мехонӣ набошад?
– Ҳамту... Чӣ гӯям... Ишқу ҳавас.
– Ишқу ҳаваси бефоида чӣ даркор?! Хайр, ана, Ҳусейн
агроном шуданӣ – маълум. Як тарафи колхоза мехӯрад, ту чӣ?
– Э, мон ҳамин хел гапҳора! – дилтанг шуд Рашид. –
Зиндаю саломат бароем канӣ... Дар дуньё одам фақат барои
пулёбӣ зиндагӣ намекунад.
– Гап-да, пул ёфта, бароҳат зиндагӣ кардан нахоҳӣ, девонаӣ!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё