Зеҳн
Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

панҷара карда нишон дод.
– Солҳои ҷанг ҳам рухсат намедоданд? – тааҷҷуб мекард
Самеъ. – Охир, душман меомад-ку.
Падари Ҳусейн солҳои зиёд аз мартабадорони колхоз буда, Ҳусейн роҷеъ ба қонуну қоидаи колхоз нисбат ба ҳамсолонаш бештар вуқуф пайдо карда буд. Падари ӯро мардум чандон хуш намекарданд, вале вай барои ин аз онҳо намеранҷид.
Барои чӣ намеранҷид, инашро ҳеҷ кас таъин намедонист. Баъзеҳо мегуфтанд, ки «феъли писарак ба падараш монанд не»,
баъзеи дигар «морбача дарундор аст, сир намедиҳад» мегуфтанд. Вале Ҳусейн аз ин қабил суханони онҳо ҳам гӯё озурда
намегашт, фақат андаке парешон ва малолатхотир ба замин
менигаристу бас.
– Ҳозир як табақ палави сергӯшт бошад-а? – бо ҳасрат оҳ
кашид Самеъ.
– Як табақ кунҷораи пеши гов бошад ҳам, каппа карда
мезадӣ, – гуфт Ҳусейн.
– Рост мегӯӣ, – иқрор кард Самеъ. – Сарқути сагамонро
аз ялоқаш лесида мехӯрдам.
– Ҳаром-е... Ҳолӣ, шукр, ба ин ҳол нарасидаем, – гуфт
Ҳусейн.
– Ҳаром-а! Ҳолӣ сабр кун, «ку, ягон саги мурдагӣ бошад» мегӯӣ! Ҳамту, не, Рашид? – Самеъ ба дурустии даъвояш
аз Рашид тасдиқ талабид.
Ҳар ду бо нигоҳи саволнок ба Рашид нигаристанд.
– Олимони химия мегӯянд, ки чизи ҳаром нест. Тоза ва
дезинфекция кунед, ҳама чизро хӯрдан мумкин, – гуфт вай.
– Рашид, аслан, ту бояд ба интернат мерафтӣ. Даҳума
тамом карда, бемалол ба институт медаромадӣ, – гуфт Самеъ.
– Хока, – даст афшонд Рашид. – Дониши нағз доштагиҳо

пешина
аз 192
навбатӣ