Зеҳн
Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Баъди боз каме ҷустуҷӯ Рашид овоз баровард:
– Ман як даста чиз ғун кардам. Намедонам, хӯрда мешавад ё не.
– Бист-сӣ дона гӯгирд ҳаст-ку, се-чортеша даргиронем-чӣ?
– пурсид Самеъ. – Ҳеҷ чизро намебинам.
– Не, гуфтам-ку, эҳтиёт кун, ҳолӣ гапу кор дар пеш аст, –
рухсати гӯгирдзанӣ надод Рашид. – Кӣ медонад, даҳони ғор
бастагӣ, мабодо газ бошад, ту гӯгирд занӣ, ҳама нобуд мешавем, – Рашид инро ба гуфтан гуфту аммо дарҳол беасосии ин
фикрашро дар дил иқрор карда сурх шуд, лекин ба шариконаш ҳеҷ чиз нагуфт.
– Дарун гармтар будаст-е! – садо баровард Ҳусейн.
– Баъд аз ин дар ҳамин ҷоҳо хоб кунем-чӣ? – пурсид
Самеъ.
Онҳо тақрибан то нимирӯз деворҳои ғорро палмосида,
ҷустуҷӯ карда, ҳар кадом як дарзагӣ решаю гиёҳ, як шофу як
доси занг задагӣ ёфтанд. Рашид аз байни решаҳои кандагиаш
як-ду шох решаи мисковак ё ба мисковак монанд гиёҳеро ёфт,
ки равған дошт. Вай равғани онро ҷудо карда, дар як санги
чуқурак ғун мекард, то ки чароғ созад.
Решахурӣ осон набудааст. Мехоиданду азбаски талху
нохуш ва бемаза буд, зуд туф мекарданд. Онҳо иштиҳои карахти худро бедор карда, дар шиканҷаи алим афтоданд. Баъди он, ки тамоми решаҳоро ду бораю себора чашида озмуданд, тасмим гирифтанд, ки ин чиз ба онҳо хӯрок намешавад.
Вале илоҷи дигари қонеъ кардани гуруснагӣ набуд.
Пас аз соате танаффус, онҳо дигарбора нишастанду то
бегоҳ решахоӣ карданд, аммо гуруснагиашон то рафт шадидтар мегашт.
– Хӯред, солҳои ҷанг набудед, алаф нахӯрдед... Ана бе

пешина
аз 192
навбатӣ