Зеҳн
Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

фарзанди чорум буд. Аз вай хурд боз се укояш ҳаст. Хоҳарони калониаш – ҳама хонаву дар карданду вай дар рӯзгор дастёри асосии падар буд: ҳезуми хонавода ба зиммаи вай; ба молҳо алаф меовард; оғил тоза мекард – хуллас нозпарварию худнамоиро намедонист. Хонаводаи онҳо аз ҳар ҷиҳат таъмин набуд ва ӯ қадри нон ва сару либосро нағз медонист. Дар омӯзишгоҳ ҳам ба стипендия қаноат дошт.
Ҳоло вай чораи аз ин варта халосиро фикр мекарду ҳайрон буд чӣ кор кунад. «Аҷоиб,– мегуфт ӯ худ ба худ, – аз куҷо ба ин ғор ҳаво медарояд? Аз куҷо дарояд ҳам, медаромадааст, вагарна даҳонаш руст, кайҳо пой дароз мекардем. Хайр, об ҳаст, аммо чӣ мехӯрем?.. Ана, ду-се рӯз решаи арча ва дигар гиёҳҳоро ёфта мехӯрем, сонӣ чӣ?.. Дар ғор ягон чизи хӯрданӣ бошад? Ҳеҷ набошад, чароғ мебуд...»
– Самеъ, гӯгирда эҳтиёт кун. Ба таҳкисаат мон,тар-пар нашавад, – гуфт вай. Сипас таъкид кард: – Ҳама умедамон ба ҳамин.
– Гӯгирд тар шавад, ана санги чахмоқ, – ғурунгос зад Самеъ.
Аз дили Рашид гузашт, ки дар ғор оташ даргирондан ҳам хатарнок будагист. «Дараш бастагӣ, дуд ба куҷо меравад?
Нафасгир шуда мемирем. Чароғ мебуд... Агар ягон хел газ бошад, алав ҳам хатарнок аст...»
Офтоб ғуруб кард магар, равшании хираи пешайвони ғор кам-кам барҳам хӯрда, онҳо тадриҷан рӯи якдигарро дида натавонистанд.
– Имшаба чӣ хел рӯз мекунем-а?
Азбаски ба ин оҳанги мазлумона сухан гуфтани Самеъро Хусейну Рашид ҳаргиз нашунида буданд ва дар тасаввури худ ғунҷонда наметавонистанд, бештар ба ваҳм ва изтироб

пешина
аз 192
навбатӣ