Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа
шараи сӯхтагӣ катӣ мондем, — Исломи Хидир ба андоми сӯхтагиаш ишора кард. — Писару духтарҳо шукр, калон шуданд.
— Калониаш писар аст ё духтар? — пурсид Сайфиддинамак.
— Калониаш писар. — Аз хизмати ҳарбӣ шофёр7 шуда омад. Зан додем, хонаашро ҷудо кардем. Дуюму сеюмаш — духтар. Ҳар ду пасопеш, шукр, ба қад расид. Кенҷааш — писар.
Автобус талу теппаҳоро гузашта, аз байни пахтазору мевазорҳои водии Вахш медавид. Сайфиддин-амак ба ду тарафи роҳ менигаристу заминҳои замоне аз қамишзору ҷангалзор порча-порча кушодаашонро ҳоло намешинохт. Айёми ҷавонӣ, ходими фаъоли комсомол... Каналковию қӯруқкушоиҳо, дилбастагиаш ба Асал, бехобиҳо, шабу нимишаб сари роҳу гирди ҳавлии ӯро давр зада гаштан, оқибат ду даҳан рози дилашро гуфта натавонистану ба фронт рафтанаш — ҳама як ба як аз пеши назараш гузаштанд. “Аслаш, чӣ шуд, ки ман ба вай дил бастам-а? — худ аз худ мепурсид вай. — Ҳа, ҳамон рӯзе сар шуд, ки бо талабаҳо қамишзорро тоза мекардем, поямро дос заду колхозчиҳо ғун шуданд... Вай ҳам омад. Зуд рӯймоли сарашро дод, то ки ҷароҳати маро банданд. Сонӣ, ба ивази уребчааш рӯмоли нави шоҳӣ тӯҳфа карданӣ будам, аммо духтар нагирифт. Уребчаи хунинро руст карда, дар ҷанг ҳам бо худ гирифта гаштам… Гоҳе менигаристаму ба рӯйҳоям мемолидам… Асал, Асал! Худаш ҳам духтар не, як паризод буд-е!
Ҳусну малоҳаташ як тараф, хушхулқиашро намегӯед! Меҳрубониаш, одамгариаш ҳамаро ҷазб мекард. Ана фарзандонаш калон шудаанд…”
— Мулло Ислом?
7 Шофёр – ронанда (русӣ)

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё