Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа
та-ним ҳафта хоб рафта, боз аз қатор намонда ба майдони ҷанг мерафтем. Сонӣ зери бомбаборон мондему як пойро дар он муҳориба канда партофт. Аз ҳуш рафтаам. Як вақте чашм кушоям, дар дасти немисам. Ана, ҳамин катӣ саргардонию азобу уқубати мо сар шуд.
— Мо дар Исталинград3 ҷанг кардем. Порсол ҷеғ заданд, рафтам, — зуд лаҷоми суханро гирифт марди сӯхтагӣ. — Ана вай генералашро боб карда гирифта, сонӣ дам нагирифта пеш рафтем. Рафтем-рафтему боз аборонаба4 истодаем. То худи ҳамин вақти сол буд, дар Курск5 гуфтагӣ ҷояш як ҷанге шуд, ҳеҷ монед! Э, қиёмат… Хаёл кардам, замин ҳамин замон мекафад. Танки мора дар ҳамон ҷо заданд. Сӯхт. Ду кас ба як азобе зинда мондем. Умр боқӣ будааст, набошад, аз он ҷаҳаннам одам зинда намебарод. Беҳуда намегуфтаанд, ки чил сол аҷал борад ҳам, аҷалаш расидагӣ мемурад. Истед, ки ба куҷои Вахш меравед?
— Намедонам, ҳозир чӣ ном дорад, пеш аз ҷанг колхози “Зарбдор” мегуфтанд.
— Э-э… ба хонаи кӣ меравед?.. Пештара “Зарбдор”, ин колхози мо, — якбора ба ваҷд омад марди сӯхтагӣ.
— Як-ду шиносҳои кӯҳна доштем… Як ҷойҳои ҷавонира бинем…
— Номатон Сайфиддин-не? — аз рӯи ҳамроҳаш чашм наканда пурсид марди сӯхтагӣ.
— Бале... Хӯш, мора аз куҷо мешиносед? — пурсид Сайфиддин-амак бо тааҷҷубу табассуми хиҷолатомез ҳанӯз ҳам аз сару рӯи ҳамсӯҳбаташ чашм наканда.
3 Исталинград – Волгоград (исми қаблиаш Сталинград), шаҳр дар Руссия
4 Аборона – Ҳимоя (аз забони русӣ: оборона)
Курск – шаҳр дар Руссия

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё