Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа
мушоҳида мекард Самеъ. – Баъзеашон сангҳои хурд...
Калонаш ҳам ҷунбонда мешудагӣ, лекин аз боло сангу барфи бисёре зер кардааст.
– Самеъ, ту хам шав, ман сабуктарам, ба пуштат баромада, болоша мековам, барфаш резад, канӣ...
–Э, бефоида... Камаш як қади бом барф... – даст афшонд Самеъ. – Кори намешудагӣ.
– Хайр, ҳеҷ набошад, барфаш резад, равшанӣ медароядку! – дар фикри худ истодагарӣ кард Рашид.
Ҳамчунон карданд. Вале маълум гашт, ки тарма ба майдони даҳани ғор сангу барфи зиёдеро оварда зер кардааст.
Қадре барфи ордак рехту нӯги чӯб ба санг бархӯрд.
– Чӣ кор мекунем-а? – Самеъ бо умед ба Рашид нигарист.
Вай китф дарҳам кашид. Чашмаш ба кунҷу канори дар банд буд. Баъди он, ки дақиқае чанд барфу санги ба дар фурӯ рехтагиро мулоҳиза ва мушоҳида кард, гӯё худ ба худ мегуфта бошад, ғурунгос зад:
– Агар хӯрок медоштем...
– Чӣ мекардӣ? – гӯё аз хӯрок бомбаи кӯҳтарконӣ месохта бошад, бо умед ба чашми Рашид нигарист Самеъ.
– Чӣ мекардем?! Хӯрда баҳорро нигарон мешудем.
– Эҳ-ҳе... То баҳора... – ноумедона даст афшонд Ҳусейн.
Сипас, боз ба нолаю фиғон сар кард: – Э, худоҷон... Мора аз ин бало халос кун... Мо чӣ гуноҳ кардем-а?..
– Мурдем, ҷӯраҷон, мурде-ем! – Самеъ ҳам фиғон баровард. – Зинда дар гӯр шудем, ҷӯраҳо!
– Натарсед, намемурем. Одамон моҳ-моҳ бехӯрок зиндагӣ кардагӣ. Фаҳмидед? – Рашид онҳоро тасаллӣ додан хост, вале суханаш асаре надошт.
– Ман розӣ... Ҳар чӣ гӯед, ман розӣ... Фармоед, ман

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё