Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа
Бас!” — гуфта Тӯтӣ-хола даррав табақама гирифта мебаранд.
Имрӯз ба ман ғулунгоб нарасид. Тағо, ман гушна, ягонта самбӯса харида тед.
Шаҳрӣ рӯз аз рӯз, бедимоғ ва инҷиқ мегашт. Ҳар пагоҳӣ ба боғча намеравам, гӯён, хархаша мебардошт.
Апаам инҷиқиҳои духтарашонро медиданду маънидорона ба язнаам менигаристанд. Язнаам дилтангона даст меафшонданд. Маълум буд, ки ин хархашаҳо тамом дилгирашон кардааст.
Ман ба қарибӣ аз деҳа ба шаҳр омадагӣ. Маънии бисёр нигоҳу дастафшонии онҳоро равшан намефаҳмам. Умуман, ба бисьёр корҳои онҳо дуруст сарфаҳм намеравам. Аз ҳамин сабаб баъзан ба дилам ҳар хел гап меояд, хаёлам ба ҳазор кӯй меравад. Рости гап, ин хел рафтору гуфтор ва рамзу киноя катӣ изҳори матлаб кардани инҳо баъзан маро ҳам дилтанг мекунад, хаёлам ба ҳазор кӯй меравад. Дар шаҳр зиндагӣ кардан осон набудааст. Дар ҷойҳои мо одамон гапашонро пӯст канда мегӯянд. Хайр, имтиҳонро супурда, ба донишкада дохил шавам, шуд, ба хобгоҳ меравам, деҳотиёна зиндагӣ мекунам — якро як мегӯяму дуро ду, вассалом.
Як пагоҳӣ Шаҳриро апаам ба боғча бурданӣ шуданд. Ин корашон маро боз бештар ҳайрон кард: аз ман чӣ кӯтоҳӣ гузашта бошад, гӯён фикр карда мондам, зуд сабабашро донистам.
Тараддуди апаам хеле тӯл ёфт. Ниҳоят як кӯлбори пуропур ба даст равон шуданд. Аз дар баромаданду аз раҳашон гашта боз даромаданд.
— Қариб фаромӯш кунам, аз ҳамон афлесуни язнаат аз Москав овардагӣ чор дона руст карда монда будам. Дар яхдон коғазпеч аст, гирифта те, — гуфтанд апаам шитобон дар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё