Зеҳн
Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

кашола мекарданд, пату пари якдигарро беамон меканданд ва
аз нашъаи ғалаба мастона ҷеғ зада, минқори худро ба хок
суда пок мекарданд. Алҳол онҳо бо навбат — як бор яке
ҳамла карда нӯл мезад, бори дигар — дигаре.
Аз ҳар ду тараф лаҳза ба лаҳза овозҳо баланд мегашт:
— Даҳ сӯм рафтам. Кӣ ҳаст?.. Кӣ даҳ сӯмба?
Агар аз тарафи муқобил ба ғалабаи кабки худашон
дилпур касе бошад, овоз мебаровард:
— Кӣ даҳ сӯм? Ту? Ман рафтам. Парто, ҷамъ кунем.
Ҳар ду гаравбоз даҳсӯмӣ бологаравро бароварда, ду
пулро якҷоя мекарданду онро яке аз онҳо дар даст нигоҳ
медошт. Кабки кадоме ғолиб гардад, ин пулро ҳамон кас
мегирифт.
Баъзан фарьёду ғалоғулаи ин бологаравиён чунон боло
мегирифт, ки саркардагон маҷбур мешуданд, шӯри онҳоро
пасанда кунанд:
— Ҳой, як бор ҷор андохтӣ, ду бор ҷор андохтӣ, бас-да!
Талабгор бошад, овоз медиҳад.
Аз миён чоряк соат барин вақт гузашт. Ду кабки маст беамон ба якдигар нӯл мезаданд, пару пати якдигарро меканданд. Гардани яке луч шуд, хуни сурхи он пару боли ҳар дуро
ҳам рангин сохт. Ба ман чунин намуд, ки минқор ва ҳалқаҳои
чашми кабкҳо аслан сурх набуда, аз қаҳру ғазаб хунашон
ҷӯшида сурх гаштааст.
Амаки Муҳаммадраҷаб хомӯш буд. Гӯё вай ба пулу қимор беалоқа барин, ба як тарзи сӯфиёна аз кабкҳо чашм наканда нишастаст. Ин ҳол маро худ ба худ дилтанг мекард. Барои чӣ ман ӯро дар сари қиморбозӣ диданиам, худам ҳам намедонам. Вай тасаввуроти аввалини маро зеру забар карданӣ,
ҳукми маро ба дурӯғ бароварданӣ. Дили ман ба ин тан

пешина
аз 192
навбатӣ