Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа
кард, ки саҳл монд, бархоста равам.
Оқибат, баъди кашокаши зиёде ҳар ду тараф ба иттифоқ
омаданд: гарав — 175 сӯм. Саркардаҳо аз ҷо бархоста, аз
давра дуртар тарафдорони худро ғун карда, ин маблағро ҷамъ
карданд. Сипас, ҳар ду дар ду канори давра муқобили ҳам
нишастанду ба назди ҳар яке як қафаси кабкро оварданд.
— Тайёрӣ? — пурсид Мераган-ака баъди он ки оҳиста
банди қафасро кушода рӯмоли болопӯши онро саҳл бардошту
кабкро дид.
— Ана, — як тарафи рӯмолро саҳл бардошт Мерган-ака.
— Канӣ, ту худат бардор!.. Ин бардоштанат намешавад!
Ҳалол бозӣ кун!
Баъди чандинбора “кушою бардор” ва ваҷаб-ваҷаб пеш
рондани қафасҳо онҳо баробар кабкҳоро раҳо карданд.
Кабкҳо аз қафас озод гашта, сараввал якборӣ худро
афшонданд, сипас яке хокро нул зад, дигаре нармакак ҷеғ зад,
баъд ба сӯи якдигар тохтанд ва ба ҷанг cap карданд.
— Барои чӣ руст мекунанд?.. А? — оҳиста, бештар бо
ишорат пурсидам аз амаки Муҳаммадраҷаб, ки паҳлу ба
паҳлу менишастем.
— Нигаред, нигаред, — гуфт вай аз кабкҳои ба гардани
якдигар овезон чашм наканда. Яке аз кабкҳо ба ҳарифи худ
сахт даровехта буд. Он дар ҳолате, ки аз гардани кабки дигар
газида буд, худро аз болои рақиб ба сӯи дигар андохта ба
замин муаллақ афтод. Минқораш ба гардани рақибаш як бор
тоб хӯрд, аммо раҳо накард. — Агар кабк якдигарашона бинанд, сонӣ ба бозӣ намемонанд-да, — фаҳмонд амаки Муҳаммадраҷаб. — Ҳамин ки дид, кабки вай зӯр барин, даррав ин
ҳам кабки зӯртар мемонад.
Ду кабк бо навбат ба сару гардани якдигар нӯл зада,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё