Зеҳн
Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

гирифт ва онҳо фалокати ба сарашон омадаро қиёсан дарк
карданд.
– Ба даҳони ғор барфа оварда тамба кардаст, – гуфт
Рашид барфро бо дасташ палмосида. Баъд илова кард: – Санг
ҳам афтодаст... Ҳеҷ гап не, мекушоем, – гуфт вай монанди
ҳамеша дилпур.
– То бегоҳӣ мекушоем? – пурсид Самеъ ба рӯи Рашид
зеҳн монда.
Рашид, ки ин лаҳза барфу санги ба даҳони ғор афтодагиро даст зада медид, оҳиста ҳуштак доду барои натарсондани шарикон «Кӣ медонад...» гӯён китф дарҳам кашид.
– Чӣ хел мекушоем? – Ҳусейн аз ин кори Рашид мазмун
гирифту дар талвоса афтод. Вай гоҳ ба сӯи Рашид хам мешуд,
гоҳ ба рӯи Самеъ, вале дар торикӣ авзои онҳоро нафаҳмида
хун мехӯрд.
– Чӣ хел мекушоем?! – норозиёна ғур-ғур кард Самеъ. –
Барфа мековем, раҳ мекушоем-да... Дигар илоҷ надорем, – вай
«чӣ мегӯӣ» гуфтагӣ барин ба Рашид нигарист.
– Сӯзан мегузаштагӣ ҷой намондаст-е! – бо даҳшат иқрор кард Рашид. – Барф... Барф қатӣ санг... Сангҳои калон-калон афтодаст... – Сонӣ аз дилаш гузашт: «Додом мегуфтанд-а,
бало ба одам кор надорад, одамӣ худаша ба бало мезанад...
То синни чил бало мегурезаду одам аз дунболи вай метозад,
баъди чил бало аз дунболи одамӣ меафтад... Агар рост ба
раҳамон гузашта мерафтем, ҳеҷ гап набуд...»
Ҷое, ки даҳ дақиқа пештар даҳани ғор буд, ҳоло девори
барфу санг беш набуд. Ҳатто боварашон намеомад, ки ин ҷо
даҳани ғор буд, бо шубҳа ба атроф менигаристанд. Торикӣ ба
дилҳо ваҳм меангехт.
– Ғалатӣ, – гуфт Самеъ бо овози ларзон чор атрофро ба

пешина
аз 192
навбатӣ