Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
— Имомалӣ, аз кинадорӣ додарам, ҳеҷ кас барака наёфтааст, — Шогадо ҳамвора як гапро такрор мекард.
— Чӣ ёрдам даркор аст, гӯяд, буд мекунам, тӯяшро чунон гузаронем, ки ҳама ҳайрон шаванд, мегӯяд.
Ҷавонмардӣ ҳамин қадар аст, Имомалӣ. Аз кина чӣ мегирӣ, намедонам. Вай давлат дорад, савлат дорад, ману ту чӣ? Дар замони пеш ин хел давлатмандон духтарамонро аз ману ту пурсида намегирифтанд, додар.
Мегӯянд, ки Хайдарбек бойбача рӯи зани ана ҳамин Мираки кафшдӯзро ногаҳон дида монда, ошиқ мешавад.
Бой рӯзи дигар аз Мирак талоқи занашро талабид ва бегоҳӣ хутбаи никоҳи ӯро ба писараш хононду дод мегӯянд. Номашон бой буд, лекин давлати даҳтояш ба дороии як Бадалбеки мо баробар набуд мегӯянд. Кӣ ба ин мард духтар намедиҳад?!
Бешак ҳамаи ин гуфтугузорро бибӣ намешунид, вагарна сӯҳбат рангубори дигар мегирифт. Имомалӣ аз сухани Шогадо хеле таъсир гирифта нарм гашта бошад ҳам, авзоъи аҳли хонадонашро инобат карда гуфт:
— Вай аз давлаташ миннатдор бошад, ман аз давлати Хукумати Советӣ миннатпазирам, Шогадо! Бираву бигӯй, пилта аз гӯшаш барорад...
Чоштгоҳи рӯзи дигар раис ба нияти ҳолҷӯӣ ба ҳавлии Имомалӣ даромад. Ҳама хешовандони тӯйдор ғун омада, ба базми имшабина омодагӣ доштанд. Дегҳои бузургро шинонда мешустанду барои палаву шӯрбо пухтан тайёрӣ медиданд, аз самоворҳои калони мисин аллакай фашшос зада, бухор мебаромад, гурӯҳе дар рӯи чорпояи таҳи тут давра гирифта нишаста, барои палав сабзию пиёз реза мекарданд, якчанд нафар барои меҳмонон аз тахтаҳо ҷои нишаст месохтанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё