Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Бибӣ ӯро таскин медоду мегуфт: — Парво накун, аз қафои пайғамбар ҳам ғайбат мекунанд. Занро худо аз қабурғаи чапи ҳазрати одам офаридагӣ мегӯянд, бесабаб не. Миёни зану мард агар моҷарое хезад, доим занро айбдор мекунанд. Як зарра ба дилат нагир. Чӣ илоҷ, шуданӣ кор шуд, забони ҳамаи моро кӯтоҳ карда рафтӣ. Як бор обгирӣ баромадам, Хадича — зани Назар дар кӯча фата-фата карда Мухтори бригадир катӣ гап мезад. Афту андом қурбоққаи сиёҳ барин, туф аз даҳон пошида гап мезаду боз ҳар бор «акаи биргад, акаи биргад» гӯён аз остини мард мекашид. Баъди Мухтор рафтан оҳиста гуфтам, ки ҳой духтарам, мард катӣ дуртар истода гап зан, мабодо занаш ё шӯят бинад, чӣ мегӯяд. Чунон берӯй будаст, якам бидиррос зад, ки ҳеҷ мон. «Ҳамин насиҳата ба набераатон мекардед, намешуд, овораи олам намегашт,
— мегӯяд. «Ман дар рӯзи равшан, пеши назари халқи олам гап мезанам, бибиҷон, заҳрханда мекард бадбахт,
— агар шабу нимишаб дар ягон хонаи хилват мебудам, ин гапро гӯед...» Ҳеҷ гап не, духтарам, ту бегуноҳӣ, ҳар касе, ки бегуноҳро таъна кунад, оқибати хайр надорад чунон расво мешавад, ки... Ба гапам бовар кун, агар зинда бошам, мебинам, не, агар набинам, ту мебинӣ...»
Аз ҳамин сабаб Занҷир ба тӯи додараконаш ночор, бо гардани баста омада буд.
Шаби аввал ба оши маслиҳат, ки як гӯсфанд кушта буданд, асосан, бист-бисту ду нафар мардони обрӯманди деҳа ва хешу табори наздик хабарӣ буданду Занҷир

пешина
аз 538
навбатӣ