Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
— Аз кор фориғ шавам, як бор ба деҳааш мераваму сонӣ яктарафа мекунам. Таҳу тӯбашро фаҳмида омаданиам, — гуфт Кабир.
— Аз вай ҳамин калу кӯри худамон беҳтар аст, — писарам. Ҳозир ба гапи ман механдию сонӣ пушаймон мешавӣ. Ҳусни зан гули намозишом барин, чашм кушода мепӯшию мегузараду меравад. Хешу табори зан ҳам ба одам даркор, баъзеҳо дар сояи хусур одам шуданд, ба сарат мушкиле афтад, мададгор аст. Парерӯз ба идораи раиси маҳалла даромадам, ману вай дар як тубак шишта калон шудагӣ. Домодаш дар комбинати гӯшт кор мекард, каму беш гӯшт катӣ ба даст афтодаст, «як бало карда халос кардам» мегӯяд. Ду соат барин дар идорааш гапзанон шиштам, коргари пешқадамат ҳам омад, ҳу, сураташ дар боғ ҳаст-ку, ҳамон муаллими номдорад ҳам омад, дар сари синааш нишони аълочӣ задагӣ. «Кор бисёр, имрӯз қабул нест» гӯён ҳамаашро аз таҳи дар гардонд. Як муаллими институт омад, «ин одами даркорӣ» гӯён кори ҳамонро соз карда доду, сонӣ як ҷавон омад, устои мошин будаст, коғази ҳамонро мӯҳр монда дод. Дидӣ? Коргар, муаллим, инҷинер дар корхонаи худаш эътибор дорад, писарам, ҳамин ки аз дарвозаи корхонааш берун баромад, вай сангу тарозуе, ки гаштаю баргашта радио мегӯяду тиливизор мехонад, эътибор надорад, мардум агар ҳазор кунӣ, сангу тарозуи худашон қатӣ баҳо медиҳанд. Менигаранд, ки аз дастат чӣ кор меояд, ба онҳо чӣ нафъат мерасад. Дигараш гап аст!
Кабир дар ҷавоби гуфтаҳои падар муддате ҳарфе назада, хомӯш буд. Ба дил иқрор мекард, ки падар муҳити рӯзгори худро медонад ва аз рӯи таҷрибаи бардоштааш амал мекунад, аммо аз ин зина болотарашро намебинад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё