Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
Арғамчини давлат дароз аст, оқибат ба банд мефурорад.
Модом ки ҳамин хел аст, роҳи бехавф нағз не?
— Ин хел дуздию анборзанӣ кори аҳмақон аст. Моли давлатро дуздида мешавад?! Аз одамони боақлу ботадбир кор ёд гир. Ана, Мардон писараш катӣ як дӯконро гирифту худи ҳамин сол мошин харид, ҳавлиашро нав кард. Ману ту аз онҳо чӣ камӣ дорем?
— Дӯкони меваю сабзавот?
— Ҳа, як дӯкончаи хурд, ҳу, дар рӯ ба рӯи ҳаммом.
Як мошин помидор аз база гирад, ду мошин аз чапу рост мегираду мефурӯшад. Хоҳу нохоҳ, рӯи ширро аҳли савдо мехӯранд, писарам, мондагиашро дигарон.
— Не, додо, саршир ҳозир насиби онҳо не. Сабзавот ҳам, матоъ ҳам, сару либосу ашьё ҳам аввал ба база меояд. Аз база киҳо гирифта метавонанд? Касоне, ки нуфуз доранду гапашон мебуррад. Аз онҳо монад, сонӣ ба аҳли савдо мерасад.
— Ҳар кас ба кӯрпааш нигариста пой дароз кунад, нағз аст, писарам. Ману ту аз он тоифаҳо не. Ризқи ҳар кас дар пешониаш навиштагӣ мегӯянд. Ба пои дигарон пой дароз мекунам гуфта, чанд кас чатанашро дарронд.
Акнун ту хурд не, ҳавасҳои бачагонаро аз сарат барору парто, кори шуданиро фикр кун. Агар аз тӯбу тухми мо дута-сета ин хел одам мебуд, гапи дигар, туро кашола мекарданд.
— Дар мамлакати мо давлат дар дасти халқ аст.
Тарҷумаи ҳоли ҳамаи ҳамин вазиру раис таъин шудагиҳоро хонед — ману шумо барии одамони оддӣ будаанд: коргар, муаллим, ҳисобдор... Онҳо ҳам ману шумо барин одам, чӣ зиёдатӣ доранд?! Албатта, агар як нафар пушту паноҳ медоштам кайҳо ман ҳам соҳиби ягон идора мешудам, лекин...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё