Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
ҳавлию ҳам хонаи давлатӣ доранд, ман медонам. Ана,
дар бозор...»
Амаки Исмоил баъди ба нафақа баромадан аз
муқимиёни бозори шаҳр буд. Аз хешу табори дуру
наздик гирифта то шогирду ҳамкорони собиқаш се-чор
кас дар дӯконҳои сабзавоти шаҳр кор мекарданд. Сабзӣ,
пиёз, ангур ё ягон меваю сабзавоти бозоргир ба дӯкон
ояд, хабар медоданд. Амаки Исмоил тохта мерафту чор
танга зиёдтар пул дода, дар танаффуси нисфирӯзӣ ё
тарафи бегоҳ ду-се линга сабзӣ, пиёз ё дигар меваю
сабзавотро сара карда, чинда мегирифт ва онро ба бозор
мебурд. Ангур дар дӯкон ҳаштод тин, дар бозор дудуним сӯм буд. Ана, ба ҳамин тариқ ҳар рӯз ӯ ба хонааш
чил-панҷоҳ сӯм ёфта меомаду коркарди писарашро
назару писанд намекард.
Аммо Кабир бо роҳи дигар рафтан мехост. Ӯ дар дил
шуғли падарро парвози мурғи хонагӣ меҳисобид. «Не,
ман аз роҳи падар намеравам. Ман барои як-ду кирми
ночиз монанди мурғ аз ҳавлӣ ба сари девор парида, ба
лаби ҷӯйи бадбӯй намефуроям. Ҳолӣ мебинанд чи гуна
ба мисли шоҳин дур ва баланд паридан насиби ман
мегардад. Афсӯс, ки ҳеҷ муттакое надорам, агар як каси
кашола мекардагӣ меёфтам...»
Вай худро барои ин парвоз тайёр мекард, аз ҳар як
василаи хурдтарин истифода мебурд. Ҳамеша боадаб,
дасташ ба сари сина, сари хам бо роҳбарони корхона
муомила дошт, ҳангоми вохӯрӣ табассум дар чеҳрааш
гул мекард, ошкоро ҳеҷ касро танқид ва мазаммат
наменамуд. Вай хуб медонист, ки танқид фоида надорад.
Гунаҳкор ҳазор сабабу баҳона меёбаду агар ошкоро изҳор насозад ҳам, ботинан гапу кори худро ҳақ меҳисобад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё