Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
Ба назар чунин меомад, ки агар вай ҳар замон бо духтарон як - ду сухани шӯхиомез нагӯяду ҳазл накунад, ба чашмони софу беғаши онҳо чашмони аз таъсири шароб махмуру кашидаи худро дуру дароз надӯзад, гӯё хӯрок дар гулӯяш дармемонда бошад, беқарор буд, дар ҷояш нишаста наметавонист.
Сарват, зан, шароб... Аз ин се ишкели мардони сабуксор Бадалбек низ озод набуд. Хуршеди саховатманди Шарқ, гӯё асрҳои аср дар сиришти фирқае аз мардони ин сарзамин ба ҷуз савдои зан «ҳунари»
дигаре напарвард. Замони пеш кам андар кам мардоне дучор меомаданд, ки ба сарват расанду ба дарди фисқ гирифтор набошанд. Мардони соҳибдил ҳароина дар ҳамаи замонҳо аз паи ободию иморат, ҳунар ва илму фарҳанг буданд, вале ин корҳо ба ноқобилон заррае ибрат нашуд. Агарчи фисқ меваи тунукандешию беҳунарист, ин зумра чунин мепиндоштанд, ки парҳезгории аҳли ҳунар аз тунукмоягии эшон аст.
Монанди бисьёр маразҳои қадимӣ ҳануз ҳам ба сахтҷонӣ зуҳур кардани ин дардро сабаб чи бошад, ҳеҷ кас намедонист.
- Занҷир
Занҷир дар дил майли аз ин муҳит парвоз гирифтан,
ба олами дилорои ҳунарҳо, маърифату худшиносиҳо
пайвастанро надошт, зеро хуб медонист, ки ӯ ҷасорат ва
ёрои исьён надорад, аз русуми маъмула берун пой
ниҳода, наздикону пайвандони худро ғам додан...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё