Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
фабрикаш ҳам аз пушти ҳиммату ғайрати мо барин ҷонфидоҳо пеш мераваду ордену медалро дигарон мегиранд, вазифаҳои баландро ҳам... Раиси колхозамон аз паси ман ба минбари баланд баромада, ҷувол-ҷувол ваъда медиҳад, дар президиум мешинад. Боз ғуд-ғуд мекунад, ки чаро аз гӯсфанд саду бист барра намегирам.
Агар ман саду бист барра гирам, мошинат бемотор мемонад, ако! Занаш як даҳан намегӯяд, ки ҳар шаб меҳмонҳот қатӣ заҳрро мехӯрӣ...” Занҷир аввал аз Бадалбек ҳеҷ гумони бад надошт.
“Марди додом катӣ ҳамсол, наход, ки ба ман чашм ало кунад, балки барои писари дар аскарӣ будааш таҳи чашм дорад ё барои ягон хешованди дигараш”, — гӯён вай илтифоту меҳрубониҳон мудирро ба тарзи худ эзоҳ мекард. Аз ҳамин сабаб, ба гаппартоиҳои ҳазломези Бадалбек бебок ҷавоб медод, аз сари ғурури ҷавонӣ бедард механдид, аз таъсири ҳусни худ ба атрофиён меболид. Говҳояш фарбеҳ, ҳамеша серу покиза, аз говҳои дигарон серширтаранд ва Занҷир аз ин ваҷҳ эътибори мудирро ба шахси худаш як амри воҷиб мепиндошт.
Баъзан ба ферма меҳмонон меомаданду мудир дар боғча барои онҳо ба қавли худаш, як пиёла чой мекард.
Дар чунин рӯзҳо Шогадо ба пухтупаз машғул буд, агар меҳмонон бисӣёр бошанд, аз деҳа ҳамсараш ҳам барои ёридастӣ меомад. Гоҳе барои шустани дегу дегу табоқ ё дигар корҳо як - ду тан духтарони говдӯшро ҳам ба дастӣёрӣ даъват мекард.
Бадалбек бо меҳмонҳо зарофат мегуфт, хонаро ба сараш бардошта қоҳ - қоҳ мезад, аммо духтаронро фаромуш намекард, ҳар замон аз назди меҳмонон бархоста, ба ошхона меомад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё