Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Аммо аз чӣ бошад, ки вазир ваъдаашро фаромӯш кардагӣ барин...»
Занҷир дар дил хайрият мегуфт, ки овони корталаб ба ин ҷо омаданаш ба ин нокас рӯ ба рӯ наомадаст.
Қомати дарозу қоқ, чашмони чуқур ва андоми пуроҷингу беситораи Девонаи Даҳандарида монанди ҷасади қоқшудаи мурдаи садсола ба дили Занҷир ҳавлангез асар мекард. Хандаи ӯ, ки бе ҳеҷ шавқе қаҳқаҳа мезад, ба гӯши Занҷир чун ҷилвае аз даҳшати кобус мерасид. «Инсон магар ин қадар шумдидор мешавад? — Занҷир ахлоқу андоми зишти ӯро бо танаффур пеши назар меоварду тааҷҷуб мекард. Агар мор ба танам печад, ин қадар кароҳат намекунам, чунон ки дасти ин палид ба дастам расад.
Вале гурӯҳе одамон аз вай мамнун буданд, «Хайрияти кор, ин Даҳандарида баринҳо ҳастанд, баъзеҳоро аз худсариҳо ҳаминҳо нигоҳ медоранд, ҷое, ки ин хелҳо ҳастанд, бо эҳтиёт, обашонро ҳам пуф карда мехӯранд», — мегуфтанд. Занҷир аз ин хел суханон ҳайрон буд. «Кӣ медонад, мегӯянд, ки мор ҳам ба одам фоидаовар аст, ягон хосияте доштагист-дия», — мегуфт ба дил.

  1. Мулоқот дар хобгоҳ

Ҳамон рӯз аз кор ба хона баргашту аз гулӯи Занҷир
оби хунук ҳам нагузашт. Хомӯш худро рӯи кат афканду
китоберо, ки аз китобхона гирифта буд, ба хондан
шурӯъ кард. Саҳифаҳоро хонда мегузашт, вале маънии
онҳоро дар хотир гирифта наметавонист. Дигарбора ба

пешина
аз 538
навбатӣ