Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

хондан шурӯъ мекард, вале боз ҳамон ҳол рӯй медод.
Ҳамхонаҳояш русдухтари кабудчашму малламӯй — Ирина ва тотордухтари кулчарӯю сабзчашм — Салима баъди он, ки ҳазломез як-ду бор гаппартоӣ карданду аз ӯ ҷавобе нашуниданд, аз чи бошад, ки ба дастархон густурдан сар карданд. Онҳо ба рӯи миз нуқлу хӯрданӣ мениҳоданд. Занҷир сараввал ба луқмапартоию тараддуди онҳо беэътибор, андаруни ғарқоби андешаҳои бесарунӯги худ саҳифаҳои китобро хонда мегузашт. Ба мазмуни китоб ҳеҷ сарфаҳм наравад ҳам, аз ин ёзидан баъди ҳаштсоатина кор мондагиаш раъф мешуд. Сонӣ пай бурд, ки дугонаҳояш ҷиддан омодагарие доранд.
— Чӣ гап? Рӯзи мавлуди кӣ? — пурсид вай оқибат лоқайдона аз китобаш чашм набардошта.
— Намедонӣ?.. Худатро ба гӯлӣ назан, духтар.
Хаппаки бало, корро мекунию ба лабат кулӯх молида гаштанат маро месӯзад, — бидиррос зад Салима.— Туро ба шавҳар дода, аз қалинат обод нашавам, дигар илоҷе надорам.
— Боз мани сарсахт ҷави киро хом даравидам? — ҳамчунон чашмаш ба китоб бепарво пурсид Занҷир.— Ту худат шаддодӣ, бинобар он, ман дар назарат хаппак метобам, Салима. Аз дасти ту шаддод шавҳарат гурехтагӣ.
Сонӣ миёни варақи китобаш ишорат гузошта, онро пӯшиду боз пурсид:
— Хайр, гӯед, чӣ ташвиш доред?
— Пайғамбари мо Исои Масеҳро барои чӣ чормех кардаанд, медонӣ? — савол кард Ирина тақсимчаҳоро бо дастмол поккунон.

пешина
аз 538
навбатӣ