Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
аст» гуфта, даъвояшро изҳор намудасту директорро розӣ карда, сипас аз хона берун рафтаст.
Даҳандарида боре ба даст афтода будаст. Вай ҳамроҳи ду тан шариконаш, ки яке маъмури тартиботу дигаре ходими рӯзнома будаст, ба мудири ошхонае худашонро аз ходимони идораи тафтишот гӯён муаррифӣ карда, ҳар замон омада, хӯрок мехӯрдаанду пул намедодаанд. Ин ҳол чандин муддат давом мекунад.
Оқибат, мудири ошхона бо як тан нозири тафтишоти ҳақиқӣ ошноӣ меёбаду дар омади гап, аз муфтхӯрии он се тан шиква мекунад. Онҳоро ба даст мегиранд.
Ҳангоми муҳокимаи ҳамкорон Даҳандарида худро ба замин андохта, бемор кардаст духтур даъват кардаанд, баъд ҳамчун бемори савдоӣ аз ҷазо халос шудаст.
Ҳамкорон баъзан шукргузорӣ доштанд, ки Даҳандарида, хайрияти кор, безурриёт аст ва авлоди фардо аз ин бало эмин хоҳанд буд.
Занҷир аз ӯ метарсид. Ба вай гуфта буданд, ки Даҳандарида духтарони соддадилу гӯлро бо ваъдаҳои гуногун — ашьёи зарурӣ дарьёб кардан ё бо сардорони идораҳо гапзанон карда, мушкилашонро осон намудан фирефта, бероҳа мекардааст. Дар таҳи дарвозаи фабрика баъзан инчунин занону духтаракони ба доми фиреб дармонда ӯро нигарон меистоданд. Дарбони фабрика ҳикоя мекард, ки ҷавонзани бадбахте қариб як ҳафта омадурав доштааст, ки ин девонаи мо бо вазир гуфтугӯ мекунаду ҷазои шавҳари маҳбусашро сабук мекунанд. Дарбон ба соддагии занак бихандад, ӯ бе ҳеҷ, шубҳа гуфтаст: «Ҳамроҳам рафтанд, ман дар берун истодам, ба вазорат даромада, гапзанон карда баромаданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё