Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Саринҷинер бо нафрат ба рӯи вай нигариста, хандидасту «ман ҳаромхӯрию ҳаромкорӣ надорам, бинобар он, аз нависонависи ту заррае наметарсам, бирав, якто не, садто тӯҳматнома навис» гуфтаст.
Даҳандарида бошад «аз оташу офат ҳазар, аз тӯҳмати ноҳақ ҳазар...» гӯён бо тамасхур замзама кардасту рафтаст. Мегуфтанд, ки баъд аз ин воқеа саринҷинер як соли расо рӯзи осуда надидаст: ҳар моҳ — тафтиш, ҳар моҳ — муҳокимаи ӯ. Албатта, агар вай сирф беайб мебуд, аз навиштани Даҳандарида боке надошт.
Сохтакорӣ, ҳисоботи бардурӯғ, мукофоту подоши беасос сабаб шудаанду вай танбеҳи сахт гирифтаст.
Мегуфтанд, ки ҳатто вазир аз дидори шуми Даҳандарида безор гашта, бенавбат ба вай якто хонаро додасту гиребонашро аз ҷанги ин хабис раҳо кардаст.
Мансабдорони ягон навъ домантарӣ доштагӣ дар иҷрои талаби ӯ кӯшанд ҳам, баъзе раҳбарони ғаюр чигуна Даҳандаридаро аз идора ронданашон — нуқли сӯҳбати коргарон буд. Боз мегуфтанд, ки вай ба назди директор бе пушт-пушт, дар ҳузури вай ҳар касе бошад, қатъи назар карда, рост медаромадаст. Ҳатто як бор ба манъи котиба эътиборе надода, балки бечораро бо таҳқиру дашном аз сари роҳаш дур андохта, ба идорахона ворид гаштаст. Директору саринҷинер ҳамроҳи вакилони вазорат ва мутахассисони москвагӣ машварати муҳиме доштаанд. Директор Даҳандаридаро дида, ғазабаш ҷӯшидаст, аммо ба ночор тамкин нигоҳ дошта, «бубахшед, мо машварат дорем...» гӯяд, ин девона «ҳеҷ гап не, ман ду калима гапи зарур дорам, таъхирнопазир

пешина
аз 538
навбатӣ