Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
тан бошанд ҳам, ҳастии онҳо ба атрофиён чӣ миқдор вазнину дилфишор аст. Кӣ медонад, балки ҳамон палид ҳам кору бори худро ҳаққонӣ мегуфтагист?..
Занҷир Даҳандаридаро аз дур бинад, дастгоҳашро вогузошта, худро ба назди ягон зани ҷиддию хашмгин мегирифту ба сӯи ин марди хабис нигоҳ намекард. Вале ӯ даргузар аз назди онҳо дастони кареҳашро барои вохӯрӣ дароз мекард, агарчи Занҷир бо нафрат аз ӯ дур мешуд.
— Салом, хонумча!.. Боз чӣ шуд, ки ба ҷониби ман наменигарӣ?! Чашмони золимат маро куштаст... Ман ба директор мегӯям, туро ба цехи мо мегузаронад. Розӣ ҳастӣ? Беҳтарин дастгоҳ азони ту! Ҳар чорьяк мукофотат таъмин! Ман — кафил!..
Даҳандарида ба ин минвол гоҳе даҳ-понздаҳ дақиқа ҳарзагӯӣ мекарду сари ӯро ба дард меовард. Ҳамкорон мегуфтанд, ки вай бо иғвою дасиса баъзе раҳбаронро тарсонда, хоҳишашро мегузаронад. Директори фабрика, сардорони шӯъбаҳо, ҳатто дар вазорат будагон ҳам аз вай меҳаросидаанд. Агар мансабдоре талабашро қонеъ накунад, дар ҳақи вай аз росту дурӯғ, аз шунидаю бофтааш ахбори бардурӯғ навишта, баъзан он бечораро ба тӯҳматҳои гӯшношунида мубтало карда, муддатҳо дар озору шиканҷа дошта, аз карда пушаймон месохтааст. Мегуфтанд, ки дар фабрика фақат амаки Лочин ва саринҷинер, баъзе коргарони қаторӣ аз ӯ наметарсидаанду бас. Боре Даҳандарида ба идораи саринҷинер ворид гашта, бо дасиса ӯро тарсондан хостаст: дар ҳақи ту чунон санаде дар даст дорам, ки агар онро каме обуранг дода, пуф кунаму ба идораҳои боло нависам, поятро аз осмон меоранд гуфтаст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё