Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Аммо Наврӯзов аз чӣ бошад, ки бо ректор нармакак сухан кард...» Ғаюр азбаски корафтода набуд, намедонист, ки шахсони масъул ва мансабдор дурандешанд, эҳтиётпешаанд, ба осонӣ касеро гунаҳгор намекунанд, ба иззати нафсаш намерасанд, дониста-надониста ба кори дигаре мудохила карданро ба худ нораво мешуморанд.
Роҳравҳои бинои асосии донишгоҳ, ки ректорат дар он воқеъ буд, ҳамеша пурравуо. Ғаюр аз рӯ ба рӯ гаштан бо шиносон мегурехт. Агар шиносеро бубинад, ки ба сӯяш меояд, худро нодида ва саросема вонамуд мекарду дари ягон хонаро кушода медаромад ва сипас узр гӯён боз мебаромад.
— Соҳибов, бед канӣ, — ректор аз долон мегузашт, ногаҳон ӯро даъват карду Ғаюр сар бардошта аз наздаш гузаштани вайро дид ва мувофиқат намуд.
Юнусӣ ин дафъа ӯро ба мизи худ наздик биншонд ва сипас дуру дароз аз боби гуноҳҳои вай сухан гуфт. Ғаюр сухани ректорро набурид, дурӯғу ғалат ояд, ислоҳ накарду дандон ба дандон фишурда тоқат дошт. Зеро Карим-ака инро ба таъкиди сахт хоҳиш карда буд. Оқибат ректор гуфтаҳояшро ба ин тариқ хулоса баст:
— Ана, дидед, додар, гуноҳатон бениҳоят бисьёр аст, гуноҳҳои сахт аст, барои баъзеи он одамонро суд мекунанд, аммо мо ба номи донишгоҳ исноди нохуш наоварем гӯён андешидем.

пешина
аз 538
навбатӣ