Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
Онҳо лаҳзае гӯё кулли ташвишҳои дигарро фаромӯш карданду ба ҳазлу мутоиба пардохтанд ва мисли он, ки қартаи радиоларо дигар карда бошанд, зуд ҷои андешаҳои ғамангезро хандаю чирроси шодӣ гирифт.
Ғаюр интизори ректор дар долони донишгоҳ қадам мезад. Дар сараш ҳазору як тахмину гумон радду бадал мешуданд. Аслан, вай гумон дошт, ки дар идораҳои боло беадолатии ректорро шунида ба шӯр меоянд, изҳори тааҷҷуб мекунанд. Аммо Наврӯзов гӯё ба суханони вай бовараш набошад, бепарво буд, на ҳайрон буд, на ба шӯр омад. Ин гуна вазъияти ӯ Ғаюрро хуш наомаду бағоят рӯҳафтода гашт. Шояд ректор аз сабаби ҳамин бепарвоии вай ҷаҳд дошт, ки Ғаюрро сиёҳ кунад, фармони худро дуруст ва ҳаққонӣ гӯяд. Бо ректор ба нармӣ, маслиҳатомез сухан кардани Наврӯзов Ғаюрро, дар шубҳа афканда буд. «Охир, ректор сад фоиз ноҳақ аст, — мегуфт вай ба дил, — ба хулосаҳои сохтаи Орифӣ ва гувоҳии тамаллуқкоронаи Муллоқандов, шаҳодати Ҳайдару Ғиёс барин косалесони декан бовар карда, фармон баровард. Ё кӣ медонад, балки забони ҳамаашон як будагист, қаллобии онҳоро дидаю дониста, мани бечораро қурбони рӯи хотири дӯстонаш кардагист.
Балки... дар як ҷо ғун гашта ошхӯрӣ мекунанд...
Бинобар он, чаро ба майлу муроди якдигар мувофиқ амал накунанд?!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор