Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

аммо чунин ба назар мерасид, ки дар ин боб ҳамаи тирҳои тирдонашро парронда холӣ кардааст.

10

Ғаюр қариб як ҳафта дар деҳа монд. Модараш кайҳо боз бетоб будаст, аммо «имтиҳонаш дар пеш, ҳушат парешон мешавад» гуфта, ба вай хабар нафиристодаст. Дар заҳрадонаш санг будаст, духтурҳо ба бемористон бурданӣ шаванд, модар «духтарам як худаш танҳо мемонад» гӯён рад кардаст. Ғаюр модарашро ба беморхона бурду духтари холаашро ба ҳавлӣ ба назди хоҳараш овард. Модар ба ҷарроҳӣ ҳеҷ розӣ нашуд. Сипас духтурҳо як-ду хел дору фармуданд, ӯ ба чор сӯ давуғеҷ карду онро дарьёб кард. Сонӣ ҳоли модар андаке рӯ ба беҳбудӣ оварду вай ба шаҳр баргашт.
Азбаски декан рухсат надоду вай рафта буд, ҳоло дилаш гувоҳӣ медод, ки Орифӣ фурсатро аз даст намедиҳад, ба вай камаш ягон танбеҳ медиҳад.
Бинобар он, аз мошин фуромаду ба хобгоҳ ҳам нарафт, саросема дар дасташ тӯрхалта ба дарс омад.
Ҳайдар ӯро дар таги дар боздошт.
— Мумкин не, ба назди декан рав, — ӯ хунсардона сари роҳи Ғаюрро гирифт. — Ҳамин хел фармон доданд, маҷбурам фармонро иҷро кунам, — бо мулоимхунукӣ табассум кард вай.
Ғаюр бо ӯ гапро дароз накарду ғазаболуд ба сӯи идораи декан рафт. Дар кабинет Орифӣ бо се-чор нафар муаллимон сӯҳбат дошт. Кордорҳо даромада, мебаромаданд.

пешина
аз 538
навбатӣ