Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
— Ман баҳона кофта гаштаам, — сухани Ҳайдарро бесаброна бурид Ғиёс. — Бингӣ кунад, чойникро гирифта рост ба сараш заданиам. Шумо ҷудо карданӣ шуда уна доред, ман як бор базарба кӯбам. Майлаш? Вай шикоят намекунад, ман медонам.
— Ҳушьёр шав, занӣ ҳам, ба ҷои кабуд намешудагеш зан, — ба вай маслиҳат дод Ҳайдар ва аз чӣ бошад бо шавқ, кафашро ба кафаш суда, аз ҷояш бархост. — Натарс, даъво намекунад, — одатан бе имою ишора, изҳори матлаб карда натавонист вай.
— Ҳамин одам ба роҳаш рост мегардад, агар худатон ба вай чаққа нашавед, ҳеҷ гап не. Дар охир бе дилсиёҳӣ тамом карда равем, нағз мешавад. Фикр кунед, Ҳайдар... — гуфт Мирзо маслиҳатомез. — Духтарони гурӯҳамон Ғаюрро ҳурмат мекунанд.
Донишҷӯёни курсҳои поёнӣ ҳам.
— Э, ман ба муқобили вай ягон кор карданӣ нестам, фикри деканатро гуфтам. Аз дасти ман чӣ кор меояд?! — қабл аз ин суханони гуфтагиашро зуд ба ҳазл бурд Ҳайдар. — Ман кордор нестам, сарашу равғанаш.
Ҳайдар ҳис мекард, ки ҳамсабақонаш рӯз ба рӯз бештар ба тарафдории Ғаюр сар бардошта ҳатто баъзеҳо рӯирост «расо ба ҳамин ҷавон шалоим гаштӣ-да, бадкина будӣ-е!» гӯён ӯро муттаҳам мекарданд. Вай аз ин ҳол бештар асабонӣ мешуд, роҳҳои нав ба нави бадном кардани Ғаюрро меҷуст,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор