Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
мехӯраду мо аз рӯяш рангмолӣ мекунем. Худро мефиребем. Илоҷаш будагист...
Баъди ин гуфтаҳои Ғаюр Карим-ака бо ӯ мубоҳисаи ҳақиқӣ оғоз карду онҳо то бегоҳ ҳам дар роҳ, ҳам дар ошхона мунозара доштанд.
8
Қариб ҳашт сол аз ин муқаддам, вақте ки Ғаюр дар китобхонаи деҳа як шомгоҳи тобистон бо Лола ошно гашта буд, ӯро донишҷӯи факультети филологӣ пиндоштанаш як амри воқеӣ буд, зеро дар он замон вай як ҷавони лоуболи соддалавҳ ва аз дуньё бехабар буда, ба одамон асосан аз рӯи гуфтору рафтори онон баҳо медод. Лола бо ӯ бештарин ҳангом аз боби адабиёту санъат сӯҳбат мекард, доири китобҳо, фильмҳо, ҳофизону актёрҳо савол медоду ақидаи ӯро мепурсид, фикри худро мегуфт. Агар имрӯз сурати онрӯзаи Лола баринеро ба Ғаюр намоянд, вай бехато мегӯяд, ки ин хелҳо рост ба донишгоҳи политехникӣ ё тибб ва ё факультети физмату иқтисодиёт мераванд. Дар танаш куртаи нимостини аврупоидӯхт аз чити оддии рах-рах, миёнаш бо камарбанди борике бастагӣ, гиребони борику росташ монанди гиребони куртаи аскарон, нигоҳаш, абрӯвонаш, лабонаш, ҳатто биничаи нарму росташ аз ҷиддият, қатъият ва пухтагӯии духтар далолат мекарданд.
Ҳоло Ғаюр сурати онрӯзинаи ӯро пеши назар оварда, гоҳ дур бурдаву гоҳ наздик карда, аз ҳар ҷиҳат менигаристу ба дил иқрор мекард, ки Лола барин духтаронро фирефтан кори осон аст, онҳо ба қавли одам бовар мекунанд, ба ҷиҳати соддадилии худ ё боварию ғамхорӣ ба дигарон диққати қаллобону нобакорони гуногунро ба худ мекашанд, бинобар он, пай дар пай ба нохушиҳои гуногун пешрав мегарданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор