Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

— Ҳой, гаранг, адлия маҷбур аст, ки ба номаш бошад ҳам, гунаҳгорро ёфта, ҷазо диҳад, — мегуфт вай монанди ҳамаи маҳбусон ба дуруштӣ. — Агар наёбад — кораш вой! Фалон қадар ҷиноятро наёфтӣ гӯён муттаҳам мекунанд, ҷойро холӣ кун мегӯянд.
Бе вазифа вай якпула одам аст!.. Хӯш, гунаҳгор одами кордида будаст, паяшро нест кардаст. Ту каллаварамро ба миён андохта, муфаттишро ба роҳи ғалат равон кардагӣ. Муфаттиши гаранг сонитар саҳвашро дониста бошад ҳам, аз гӯлию соддагии ту истифода карда, гуноҳро ба гарданат задаст. Ана, кори ин дуньё ҳамин хел аст, додарам:
камзӯру камақл гаштана се газ замин кову дарою хоб кун, дигар гап не!
— Кӣ шуморо сер мекунад, кӣ шуморо мепӯшонад, медонед? — Ин бор Ғаюр ҳам паст наомад. — На зӯру на доно — деҳқони хокпоше, ки назару писанд намекунед, ба сӯяш ба таҳқир менигаред...
— Ана, аллакай ақлат даромадаст, бача! — Ба сари Ғаюр Қонунии навча аз боло бо кафи дастони бузургаш чунон фуровард, ки зоҳиран ба шӯхӣ мемонд, аммо ҳар инсонро аз пой меафканд.
Ғаюр калавида се-чор қадам рафту наафтод, вале сараш чарх гашту лаҳзае чашмонаш торик шуданд, гӯшҳояш садо доданд. Дақиқае чанд аз миён гузашту вай тамоман ба худ омад. Ба дил хайрият гуфт, ки аз по наафтод, шарманда нагашт. Ин мардум афтодаро бештар таҳқир мекунанд, сахттар мезананд.

пешина
аз 538
навбатӣ