Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Лола қариб ҳар ҳафта рӯзи истироҳаташ аз шаҳр ба деҳа омада, модару хоҳари ӯро ҳолҷӯӣ карда мерафтаст. Улфат мегуфт, ки ягон бор дасти холӣ наомадаст, рӯзгорамон серию пурӣ, аз ягон бобат камӣ надорем, Лола ҳар ҳафта сумкаашро пур карда биринҷу қанду набот, гӯшту равған, пичинию макарон — ҳамаашро мебиёрад.
— Саробони хонаводаро ба ҳабс андохт. Даркор не... Нагиред!... — гуфт Ғаюр аз илтифоти духтар кароҳаташ афзуда.
— Агар ризои модаратро хоҳӣ, дар ҳақи ҳамин духтар сухани бад нагӯй, ки сахт убол аст, писарам,
— гуфт модар ин бор ба оҳанги сахт ва бо ҳамин хори кинаро аз дили Ғаюр барканду партофт.
Баъди як соли воқеа Ғаюр аз деҳа мактуби беимзое гирифт. Шахси маҷҳуле, ки аз оҳанги суханаш Камол буд, ба вай навиштаст. «Ғаюр, ҳеҷ ғам нахӯр. Кора кардагӣ Муроди мантӯр будаст, дониста мон. Дар як ҷо маст гашта, худаш пӯкидаст. Аллакай мӯли мардум медонанд». Ин хабар ба ҷароҳати қалби вай намаксой шуд: Ғаюр хеле муддат беқарорӣ кашид, ҳатто дигарбора хӯрду хобашро гум кард. Чӣ хаёлҳое ба сари ҷавони маҳбус намеомаданд, чӣ нақшаҳое дар сари вай ҷавлон намекарданд!
Он марди қонундоне, ки маҳбусон Қонунӣ лақаб карда буданд ва Ғаюр ҳамеша аз вай маслиҳат мепурсиду машварат меандохт, ин бор ҳам ӯро хурсанд накард.

пешина
аз 538
навбатӣ