Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
ӯро чеғ заданӣ шуд, аммо андеша кард, ҷуръаташ нарасид. Дар сари чорраҳа ба равандагону ояндагон нигариста, то хеле вақт истод.
Шаби торики деҳа зуд ҳамаро хона ба хона меронд. Ягона мотори гоҳ вайрону гоҳ соз, ба чароғҳои кӯчаю биноҳои маъмури базӯр қувва медод. Лампочкаҳо монанди помидори танги тирамоҳ базӯр сурх гашта кӯчаҳои торики деҳаро равшан карда наметавонистанд.
Табъи Ғаюр бениҳоят хира ба хона баргашт.
Ҳарчанд худро таскин дод, ҳар қадар гуфт, ки шаби дигар Лоларо мебинад, вале дар дилаш як навъ ташнагӣ, андӯҳи вазнини ғашноке ӯро безобита мекард. Дилаш чунон танг шуд, ки мисли мурғи посӯхта намедонист худро ба куҷо занад.
Субҳи рӯзи дигар идораи колхоз, чойхона ва боз ду биное, ки ҳоло хобгоҳи муваққатии донишҷӯён буд, ба мисли орухонае гашт, ки бачаҳои шӯх онро бо чӯб кофтаанд: роҳбарон дар такопӯй, ҳама безобита, асабонӣ, парешонавзоъ; донишҷӯён ба кор набаромада, гӯё касеро мунтазир, воқеаеро нигарон буданд. Баъзеҳо лаҳза ба лаҳза ба роҳ баромада, ба тарафи район менигаристанд, то бубинанд мошине меояд ё не.
Интизории онон тӯл наёфт. Газики милиция омада дар назди идораи ҷамоа қарор гирифт ва аз он ду нафар милиционер ва ду-се нафари дар тан либоси урфӣ фуромада, саросема ба идорахона даромаданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор