Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
— Дидед, аз ин хусус ҳеҷ кас фикр намекунад.
Чунон ки русҳо мегӯянд, хасис дуболо харҷ
мекунад, — ҳам ҳамон бисту панҷ тин аз кассаи
колхоз меравад, ҳам ташвиши зиёд, ҳам ҷавонон аз
таҳсил, коргарони завод аз кори худ мемонанд.
— Ба колхозчӣ раис бисту панҷтинӣ дода
наметавонад. Район ба ин раҳ намедиҳад.
— Барои чӣ?
— Сабабашро намедонам. Аммо раҳ
намедиҳанд.
— Ана, ҳаминро бюрократизм мегӯянд.
Мамлакати моро ана, ҳамин мараз хароб мекунад.
Ғаюр ҳайрон буд, ки ин духтари шаҳрӣ ин ҳама
сирҳоро аз куҷо медонад. Дар сини аз ӯ як сол хурда! Мо расо умрамонро беҳуда мегузарондаем.
Он шабе, ки Ғаюр аз паҳлӯи Лола қадамзанон
қад - қади рӯди деҳа мерафту суханони ӯро гӯш
медод, бо майдатарин ҷузъиёташ дар хотири вай
якумрӣ нақш баст, зеро он шаб дар деҳа вопасин
мулоқоташ бо Лола буд.
Рӯзи дигар дар сари кӯпруки сой трактори Ғаюр
вайрон шуду ӯ қарибиҳои соати даҳуним ба хона
омад. Саросема шустушӯ кард, тағйири либос
намуду хӯроки модар ба пешаш гузоштаро нахӯрда,
ба сӯи идораи колхоз тохт. Бевақт шаб дар кӯчаи
деҳа одам кам буд. Ғаюр саросема ба китобхона
даромад, ба клуб рафт, ба магазин сар халонд,
аммо Лоларо наёфт. Ба хобгоҳи донишҷӯён рафта,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор