Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ғаюр ситораи думдорро як шаби тобистон дар сари хирман дида, бо ҳайрат ба модараш нишон дода буд. Модар онро диду бо даҳшат фарьёд кард:
«Нигоҳ накун, эй рӯдапо! Туф кун, тез туф кун! Ба замин туф кун!.. Дигар нанигар. Балои омадагӣ ба худаш занад...» Модар дуру дароз дуо хонду сонӣ фаҳмонд, ки ин ситораи наҳсу касофат аст. Ҳар кас онро бинад, ба ягон фалокат дучор мегаштааст, як умр бадбахт ва берӯзию бебарор мемондаст. Он шаб дили Ғаюрро ваҳм гирифт: «Ман нигоҳ кардам, бо чашми худ дидам. Нафаҳмида нигаристам, акнун сиёҳбахт мешавам?» — ӯ гаштаю баргашта аз модар мепурсид. «Не, як бор нафаҳмида нигаристӣ, ҳеҷ гап не, туф кардӣ-ку. Дигар нигоҳ накун. Ба дигарон ҳам нишон надеҳ», — гӯён модар ӯро таскин дода буд.
Он солҳо ризқу рӯзии сокинони деҳот ба бист сотих замини рӯидарича вобаста буд. Ҳосилаш бештар аст гӯён, модар он сол ба замин ҷувории сафед кориду Ғаюр то пухта расидани он қариб аз пой афтода буд. Ҷувориро аз ҳамлаи гунҷишкон эмин доштан осон набудааст. Модар дар кори колхоз банд, ваю хоҳараш он сол савганд хӯрданд, ки дигар ба замин ҷуворӣ намекоранд. Баъд, дар сари хирмани ин ҷуворӣ чашмаш ба он ситораи шум афтода буд.
Сонитар, вақте ки ба синфҳои боло гузашт Ғаюр аз муаллимон пурсид, дар китобҳо бихонду чи чиз будани он ситораи думдорро донист, ба мавҳумоти фалокатбории он хандид ва ба монанди афсонаҳои дигари кӯдакӣ даҳшатбории онро ҳам қариб фаромӯш кард.

пешина
аз 538
навбатӣ