Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
Аз муфаттиш ё прокурори сангдилу бешафқат ба халқу давлат фоида не, зарар мерасад...
Ҳайдар ба ин оҳанг хеле сухан гуфт.
2
Ғаюр падарашро дар ёд надошт. Модар ҳар замон хати сиёҳи падарро гирифта, хомӯш оби чашм мерехту дар ин хел вақтҳо соате дар пеши чашми ваю хоҳараш — Ҳалима симои хаёлии падар, ки дар ҷанг шаҳид гашта буд, намудор мешуд. Онҳо лаҳзае ӯро ба ёд оварда, дар тасаввур оварданӣ мешуданд, ки агар падар дар сарашон ҳаёт мебуд, зиндагиашон чӣ хел сурат мегирифт... Вале ҳақиқати воқеӣ ин буд, ки модари дасттанҳо онҳоро ба сахтию зорӣ ба воя расонид, дар хонаводаи онҳо ҳатто охири солҳои панҷоҳум ҳам, серию пурӣ барқарор набуд. Сахтии солҳои баъди ҷанг чунон буд, ки Ғаюр ҳеҷ ба ёд овардан намехост.
Аз таассуроти овони кӯдакӣ Ғаюр махсусан, се воқеаро дар ёд дошт: яке — он шабе, ки ӯ ситораи думдорро дид, дигаре — он рӯзе, ки аз падар хати сиёҳ расиду ҳавлиашон азохона гашт ва сеюмӣ — он субҳидаме, ки чойники ҷӯшонро аз рӯи сандали кашида, чаппа карду шикамаш сӯхт. Доғи ин сӯхтагӣ дар қисми аз ноф поёни шикамаш боқӣ монд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор