Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
Манучеҳр қиссаи маҷлисро гуфта, маро андаке оташин кард. Ҷаводзода хомўш гўш карданду насиҳатомез гуфтанд:
– Ҳеҷ гап не, асп чор пой дораду боз пешпо мехўрад.
Баъд аз ин ҳушёр мешавед.
Дигар дар ин бора гап кушода нашуд. Муаллим ба пиёлаҳо шароби ноб рехтанӣ буданд, Манучеҳр дасти он касро боздошту бархоста, аз кисаи палтоаш як шиша коняк гирифт.
– Э, ин коратон беҳуда, – эътироз карданд муаллим. – Ба мани мўйсафед ин носи шумо баландӣ мекунад.
– Кам-камакак амак, – исрор кард Манучеҳр ва шишаро кушода, ба назди муаллим гузошту ба ман хитобан гуфт: – Доғи шароба бо шароб мешўем.
Ман аз қаҳр суп-сурх гаштам.
Баъди ду - се қадаҳ нўшиданамон як сўҳбати озод, табиӣ ва дилҷў барпо гашт. Духтарон азбаски наменўшанд, ба гапу кори худ саргарм буданд.
– Гап ҳамин, Вафо, – муаллим қадаҳи навбатиро нўшонданду бо овози паст, ки фақат ба ману Манучеҳр шунаво буд, бори аввал «ту-ту» гўён ба ман рў оварданд.
– Ман аз ҷониби ту ба Ҳалқасой рафтам. Худата нағз медидам, барои ҳамин хостгорӣ рафтам. Набошад... – муаллим давоми суханашонро нагуфтанду рў турш карданд. – Ҳамааш соз шуд, гапро пазондам. Онҳо нафаҳмида, кора чигил кардагӣ. Акнун тайёрии тўя бин.
Вақтатро ёбу рафта падара биёр... Ду-се кас биёнд, даҳан-баста карда монем. Сонӣ фурсат ёфта, тўятро мегузаронӣ. Ҳоло ҷиҳози духтар ҳам тайёр не.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор