Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
Ҷаводзода аз Рухсора ҳам дар ин хусус гап пурсидаанд, аммо ман қатӣ шинос буданашонро изҳор накардаанд.
Он касро дида, вохўрӣ кардему ба ёдам расид, ки чӣ хел баъди бо ситеза дар беморхона духтарашонро ранҷонда фиристодан муаллим пушаймон гашта, ба чашмашон об гирифта буданд... Инҷиқиҳои пирӣ будааст, баъзе пирон кўдак барин зуд аз карда пушаймон мешаванд.
Хурсандии Ҷаводзода ҳамон шаб ҳадду ҳудуд надошт. Маро ба куҷо шинонданашонро намедонистанд. Ҳеҷ гумон надоштам, ки мўйсафед ин қадар ба ман дилбастагӣ доранд. Аз муҳаббати он кас хиҷил будам, ки як бор аз аҳволашон хабар нагирифтам.
Гила карданд, гилаашон ҷой дошт ва ман ба ҷуз узргўӣ чораи дигар надоштам.
Мизро калон кушоданду дастархон партофтанд.
Тайёриашонро дидагӣ буданд, ки зуд дар рўи дастархон нозу неъмат - кабобу самбусаҳои варақӣ, салатҳои гуногун, хўрданӣ - аз мурғ то моҳӣ пайдо шуд. Дар як сабў шароби сурхи дастӣ оварданд.
– Шароби ноб аз ангури боғчаи худамон, – шарҳ доданд муаллим.
Духтарон дар поёнтари миз ғун шуда, ба гапи худ машғул буданд. Онҳо духтари муаллимро миёнагир карда, аз даҳони вай нақли шавқоваре мешуниданд.
Духтарак зуд-зуд аз пеши онҳо бархоста, ба ошхона мерафту дар даст ягон хел таом, салат ё чойники чойи тозадам бармегашт. Сипас боз амонат нишаста, нақлашро давом медод. Вай ҳоло фарбеҳтар шуда, ба рухсорааш сурхӣ дамидаст, чашмонаш махмур - як духтари нозанин гаштааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор