Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
ронанд ҳам, боз омада маро дилбардорӣ медиҳанд, аммо падар гап намебардоранд. Мўйсафед барои иззати нафс ҷон медиҳанд. Худо накунад, мабодо онҳо ягон гапи пасту баланд зананд, маро ҳамту намемонанд. Аз ин ҷиҳат ҷонам дар сари як мўй ларзида меистод. Ба ғайр аз ин, падар ба духтар хуш кардани ман чору ночор розӣ шуданд. Моҳи август писари амакам Ҳамид омада, маро ҳамроҳаш ба деҳа бурд. Сонӣ сари раҳ, гўё барои ҳолҷўӣ ба деҳаи холаи дадаам даромадем. Ман пай бурдам, ки Ҳамид бо таъиноти махсус амал мекунад.
Мақсадашон духтари ин холаашонро ба ман нишон додан, сонӣ хостгорӣ... Баъд дар деҳа хешу табор маро миёнагир карда, ба ин кор розӣ карданӣ шуданд. Э, дар тавсифи духтар, падару модари вай, покизагии зоту зурриёташ, хосияти неки бо ин хел одамони поку ҳалол хешу табор шудан чӣ қадар гап заданд, далелҳо оварданд, мисолҳо гуфтанд. Хок гирӣ, аз ҳамин хел хоктўдаи баланд гир, мегўянд. Гуфтам, ки хоки вай хоктўдаи баланд ба ман даркор набошад ҳам гирам?..
Баъди он ки онҳоро ноумед кардам, дадаам маро дашном дода, гапҳои сахт гуфтанд. Ман ранҷида, дар сари қаҳр аз хона баромада омадам... Хайр, сонӣ баъди ду ҳафта боз ба деҳа рафта, ба дадаам узр гуфтам, фаҳмондам, ки аз як ҷо андаке умедворӣ дорам. Ин гап дар моҳи август буд...
Дар пахтазор ману Рухсора дар ин хусус хеле фикр карда, оқибат вай ба хонаашон рафта, авзои падару модарашро фаҳмида омаду гуфт, ки ихтиёратон. Ман ба деҳаамон рафта ин розро боз ба ҳамон Ҳамид гуфтам.
Вай дар бадали ду рўз гапро пазонда, дадааму амакамро розӣ кард, ки ба хостгорӣ раванд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор