Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Он рўз дар ҳаётам дарозтарин рўз буд, гўям, муболиға намешавад. Ду қуттӣ сигорро дуд кардам. Дар хобгоҳ касе нест, ки сўҳбат карда, андармон шавам, ҳама дар пахтачинӣ. Дарун медаромадам, берун мебаромадам, сигарет мекашидам. Хаёлам ба ҳазор кўй мерафт. Вақте ки модараш пурсидаанд, Рухсора гуфтааст, ки «вай бача гумонатон доим аз қафои ман мегардад? Не, вай якам шармгин, гоҳе рў ба рў гардем, ба азобе гап мезанад. Ҳамту, маъқул кардаст, хайр, ҷавони бад не». Дигар гап назадаст. Вай гуфт, ки агар ман қатӣ вохўрда, ҳамгап буданатонро гўям, дигар аз хона баромадан намемонанд... Хайр, ман аз вай ҳамин қадар ҳам умедвор набудам.
Имрўз пагоҳӣ дадааму амакамро ба Ҳалқасой гуселондам. Ҳоло бетоқатона ба роҳ менигараму аз дилтангӣ сигарет аз паи сигарет мекашам. Шояд падару модараш ба сари инсоф омада, хайр, ба дилхоҳаш медиҳем, гуфта бошанд. Аз тарафи дигар, ҳеҷ боварам намеомад, ки падару модари Рухсора ин гуна осон ба тўйи мо розӣ шаванд. Афсўс, адреси ҳамон амаки дар шаҳр будаашро аз Рухсора напурсидаам. Ба хонаашон кофта рафта, илтимос мекардам, зорӣ мекардам... Агар вай одам имрўз ҳамроҳи дадамино ба хостгорӣ мерафт...
Ба пеши як одами бегона чӣ гуфта равам, гўён истиҳола кардам. Кӣ медонад, вай розӣ мешуд ё не? Агар падару модари Рухсора аз тасмимашон нагарданд, як бор ба назди ҳамин амакаш меравам. Ҳамроҳи Манучеҳр меравем.
Рўз бегоҳ мешуд. Маро ғам мегирифт, ки агар ноумед гашта оянд, ба рўи онҳо чӣ хел менигарам. Амакам-ку, марди ҷаҳондидаи дилфарох, хорӣ дода, аз дарашон

пешина
аз 538
навбатӣ