Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ман набинам, ҳамин халқ дида, ба рӯят мегуфтагист, ноҷинс!..»
Моҳҳои аввали ба шаҳр омаданаш хешовандон ҳар ҳафта ӯро хабаргирӣ меомаданд. Ҳеҷ кас наояд ҳам, падараш меомад. Сонӣ-сонӣ ба ин ҷудоӣ хӯ гирифтанд ё тан доданд магар, ҳоло дер-дер ба назди ӯ меомаданд.
Боре, баъди ду-се моҳи ба шаҳр омаданаш, як рӯзи якшанбеи истироҳат падараш ҳамроҳи Сайфӣ-муаллим омад. Муаллим ҳам аз Бадалбек ситам дида буд, бинобар он, сабаби омадани ӯро Занҷир қиёсан дарҳол пай бурд. Сайфӣ-муаллим аз дур сухан оғоз карда гуфт:
— Агар Бадалбек дар ягон ҷои дигар ин корро кунад, кайҳо лингашро аз ҳаво меоварданд. Ҳазл-не, номи поки як духтарро доғ зада, ҳаёташро тира намуда, аз бахташ маҳрум кардан... Ин ҷинояти калон аст. Аммо мо хомӯш, — садқаи сар, бо одами ганда баробар шудан лозим не, гуфта мегардем. Ҳақиқат ҳаст, аммо то бача гирья накунад, оча шир намедиҳад. Падару модарро аз духтар ҷудо кард. Колхозро аз як говдӯши пешқадам...
Занҷир лому мим нагуфта, сархам суханони собиқ муаллими худро гӯш медод. Аз дилаш мегузашт, ки ин одам олимаълумот бошад ҳам, фаҳмишу бинишаш аз дигар одамони деҳа фарқ надорад. Охир, ҳамин одам ҳам як замоне дар шаҳр таҳсили илм кардааст, аммо чаро ин гуна соддалавҳ гаштааст? Агар ҳозир Ирина бо ин одам ҳамсӯҳбат шавад, ҳеҷ бовар намекунад, ки ӯ муаллим аст.
— Ҳозир фурсат расид, мо лаҷоми ин пулмастро сахтакак кашида метавонем. Оҳанро дар гармиаш

пешина
аз 538
навбатӣ