Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
Ин ҳодиса на як рӯз, на як ҳафтаю ду ҳафта, балки як-ду моҳ нуқли сӯҳбати аҳли деҳа гаштанашро наздиконаш сонитар ба вай гуфтанд.
Падараш баъди ин воқеа, ки ба номи хонавода исноди нохуш овард, бештар хомӯшу пакар гашта, аз мардум худро батамом канор мегирифтаст. Бо аҳли хонавода низ аз ин хусус кам ҳарф мезадаст. Фақат як бор гирьяи талхи модарашро тоқат наоварда, умедашро аз мукофоти амал изҳор кардаст: «Ресмони ҳукумат дароз аст, сар дода мемонаду сонӣ як рӯз чунон печонда мегирад, ки...» Хешовандон мегуфтанд, ки дар қаҳру адовати худ бибии пир аз ҳамаи наздикон бебоктар буд.
Вай хона дарояд ҳам, берун барояд ҳам, бо овози баланд ҳафт пушти Бадалбекро нафрину лаънат мекардаст, дуои бад дар забон мегуфтаст, ки агар аз ҳамин роҳ гузаштани ӯро бинад, бо корд ҳалқи он мурдорро медарронад. «Ба ҳалқаш ҳамин корда мезанам, ана, сонӣ ҳукумат мана ҳар чӣ хоҳад, бикунад! — мегуфтаст вай корди калони ошхонаро дар дасташ алвонҷ дода. — Падарлаънат, илоҳо, оқибати хайр набинӣ! Ба сари ту ҳам балое мерасад, оҳи Занҷири бегуноҳам мегирад...
Ман ҷазои тура надида намемирам, нокас! «Дуньёю қасос» гуфтаанд, алҳамдилиллоҳ, ягон нобакор аз ин олам ҷазои амалашро накашида, нарафтаст, ки ту биравӣ. Агар ин қоида расм намебуд, э-э, ту барин палидҳо кайҳо ин дуньёро хоку туроб мекарданд. Чор танга пулро дида, бехуд гаштагиҳо кам набуданд. Ҳар касе халқро пешипо зад, ба рӯи ҳамин халқ зор гашта, дар ким-куҷоҳо мурд, сабр кун, туро ҳам мебинам. Агар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё