Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

— Мешавад. Беҳуда нагуфтаанд: «Марди худо маст бувад бешароб, марди худо сер бувад бекабоб». Ё шумо худобехабаред? — гуфт Довар бо табассуми заҳрогин.
— Фурсат нагузарад, гап занед. Хӯш?.. Шаф – шаф нагуфта шафтолуи гапро гӯеду монед. Мо дар инҷо — ҳама мардони баркамолем, кӯдак не.
— Ҳа, ҳа, бача нестем, — гуфт Бадалбек асабиёна таҳи истаконро ба миз нарм-нарм кӯфта. Баъд якбора сар бардошту ба истаконҳо боз коньяк рехт. — Ҳаминро ҳам хӯрем.. Бигиред.
Ин навбат онҳо хомӯш истаконҳоро холӣ карданд.
— Бародар, гап ҳамин: шунидем, ки Занҷирро гирифтанӣ будаед.. — Бадалбек лаҳзае ба рӯи Довар нигариста, авзои ӯро мушоҳада карду сонӣ як-ду бор бинӣ кашида, хомӯш монд ва чашм ба рӯи миз духт.
— Хуб, ба ин кор шумо чӣ дахл доред? — асосан, барои зудтар ба сари матлаб расидан савол кард Довар.
— Дахл дорам, додар... — мад кашида, сарҷунбонӣ кард вай. — Андак-мандак ҳам не! Ин духтар аз бағали ман хеста ба ин ҷо омад, ман катӣ хеле гап шудагӣ, инро зану марди як деҳаи калон — ҳама медонанд.
Довар қоҳ-қоҳ заду Бадалбек аз алам забон газида, хомӯш гашт.
— Як бор дасташро дошта, агар аз бағалам хест гӯед, пас бӯса мекардед, чиҳо мегуфтед?! Ё Фотимахон барин агар дар қадаш чормоҳа бача медошт, чӣ мегуфтед-а?!
— Даҳаната пӯш, ҳаромӣ! — Бадалбек рӯи миз муште фуроварду як шиша ва ду истакон ба замин афтод.

пешина
аз 538
навбатӣ