Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Раҳораҳ фақат Бадалбек ҷоғ мезаду дигарон хомӯш ба фикру андешаҳои худ машғул буданд.
Мошин кӯпруки наҳрро гузашту дар бари кӯл, назди қаҳвахонае, ки буфету қӯри кабоб ва чор-панҷ мизу курсӣ дошт, қарор кард.
— Хилват, камодам... Ҷои мулоқоти президентҳо будаст! — гуфт Довар бедард хандида.
Айнакӣ аз онҳо пештар рафту зуд дар паси буфет, дар сояи тут мизу курсӣ ниҳоданд. Баъд сихкабобу коньяк, аз помидору бодиринги саросема, дурушт-дурушт буридагӣ салат омад.
— Як-ду шиша об ҳам, — гуфт Довар ба ҷавонмарди буфетдор, ки барои онҳо вазифаи пешхизматро адо мекард.
Бадалбек ба истаконҳо нима-нима коньяк рехт.
— Канӣ, дӯстонам, қадаҳи аввал барои саломатӣ!
Мард саломат бошад бас аст, дигар ҳамаашро меёбад!
Хуш, додарҳо, саломатиро ба пул ёфта намешавад. Аз баҳри саломатӣ!
— Ҳа, гирифтем. Саломат бошем, ба дӯст зору ба душман хор нагардем.
Ба ҷуз Довар ҳама истаконҳоро холӣ карданд. Довар ба майли хотир коньякро ба замин пошиду ба истаконаш оби «Шоҳамбарӣ» пур карда дам кашид.
Бадалбек шароби истаконашро хӯрду газакӣ нагирифта, саволомез ба рӯи вай мутаваҷҷеҳ истод.
— Ман, умуман, шароб намехӯрам, — гуфт Довар.
— Бешароб чӣ хел сӯҳбат мешавад? — Ҳайрон монд Бадалбек.

пешина
аз 538
навбатӣ