Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
— Бародар, агар бемалол бошад, шумо ба курсии пеш гузаред, ману мулло Кабир паҳлу зада, сӯҳбат кунем.
Айнакӣ ба Бадалбек нигарист, вай филфавр сар ҷунбонда гуфт:
— Бемалол, бемалол. Ту ба пеш гузар, Мир. Довар номи ӯро дар хотир нақш кард — Мир. Сонӣ ба курсии қафо, аз паси Бадалбек нишаст.
— Ман фурсати зиёд надорам, — гуфт ӯ бепарво ҳамьёза кашида. — Суханатонро гуфта-гуфта равед, хуб мешуд.
Ба сухани вай ҳеҷ кас ҷавоб надод.
Онҳо равон шуданд.
— То имрӯз як чокари дигаратон аз думи ман кашола буд, имрӯз дигарашро гирифтаед-ку! — гуфт Довар ба сӯи Мир ишора карда, хитобан ба Бадалбек. — Гуфтанд, ки ин бадбахтак гирди хонаи мо мегаштаст, акнун дидам.
Довар ба дасту бозу ва синаи нақшу нигор кашидаи Мир нигариста, фикр мекард, ки ин ҷавонмард дар ҷилави Бадалбек боз чи гуна хизматҳоро адо мекарда бошад. «Ҳоло барои тарсондани ман ӯро ҳамроҳ гирифтагӣ барин ё кӣ медонад, рӯ наметобад зи ҳирс аз нони сӯзандор саг» гуфтаанд. Ҷовид мегӯяд, ки мешиносем, бо чӣ кор машғул аст, МВД, пракратура медонанд, кайҳо назарбанд карда гаштаем, то дар сари гуноҳ нагиред, гап зада намешавад. Бадалбек пул дорад, инҳо — ғуломи пул. Ҳеҷ гап не, киву чи будани ин пулмасти аблаҳро як бор дар ҳузури чокаронаш ба рӯяш гӯям, бас.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ