Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
— Ман занг зада, хабар кунам, ки ба куҷо рафтам. Ба Варзоб рафтанамон зарур набудагист-а? Ана, кӯли худамон ҳам ҷойҳои хилват дорад.
— Ҳа, хуб-хуб. Тез гашта меоем, — ғурунгос зад Бадалбек. Сонӣ ба маънии гуфтаҳои Довар сарфаҳм рафт магар, эътироз кард: — Тилфон чи даркор аст, мо тез меоем.
Довар дар ҷавоб табассум карду ҳеҷ чиз нагуфта, ба ҷониби кулбаи дарвозабони фабрика рафт. Кабиру Бадалбек ҳам аз паси вай рафтанду дар таҳи дар истоданд.
Баъди лаҳзае аз тирезаи кушода ба телефон сухан кардани Довар аранг шунида шуд, аммо чӣ гуфтани ӯро онҳо фаҳмида натавонистанд.
Довар берун омаду ба авзои Бадалбеку Кабир нигариста, онҳоро хотирпарешон дид, аммо худро чунон вонамуд сохт, ки гӯё тағйири авзоъи онҳоро пай набурдааст.
— Дар бозгашт пиёда намонам гӯён, мошин таъин кардам. Ана, ман-тайёрам. Модом, ки зарур аст, меравем. Одатан, ман ба ин хел гаштугузор ва кабобхӯрию шаробхӯрӣ вақтамро сарф карда наметавонам, аммо як бор барои ин амак, меравам.
Заҳмат кашида омадаанд...
— Э, раҳмат, саломат бошед, додар, саломат бошед,
— Бадалбек ба ҳеҷ ваҷҳ пеш аз вақт сир намедод.
Онҳо ба назди мошин расиданду Довар аз марди айнакӣ хоҳиш кард:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ