Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
— Хуб, бас, шиносоӣ дар сари роҳ намешавад, додар.
Ман ба ҳар дуятон гап дорам. Ҳа, хуб шуд, ки дучор кардам. Ку, рафтем, ман шуморо як зиёфат кунам... Ана, сонӣ кӣ чикора аст, дар ёдам мемонад. Рост не? А, домулло? — Ӯ қоҳ-қоҳ заду дасти Доварро гирифта фишурд. Рафтем, Кабирҷон кай боз шуморо пазмон будам, ана, ба шарофати шумо домулло катӣ шиносо шудам. Худо хоҳад, ин касро дар фасли баҳор як бор ба ферма мебаред. Не, худам омада, мошин катӣ мебарам...
Ба комбинати гӯшт гӯсфанд овардам, яктагӣ гӯсфанд диҳам, кушта, гӯшти тозаи яхнокарда хӯред-чӣ? А, домулло?
— Моро ба куҷо бурда зиёфат карданиед? — пурсид Кабир агарчи розигии Довар ҳанӯз маълум набошад ҳам, аз номи ҳар ду.
— Ба тарафи Варзоб рафта, кабобхӯрӣ кунем чӣ? А?
Ҳавои тоза...
— Бисьёр хуб! — каф ба каф суда изҳори шодмонӣ кард Кабир. — Акои Довар, рафтем... Ин кас одами худӣ, амаки худамон.
— Медонам, медонам, — гуфт Довар бо писханд ва ҳар ду ҳамсӯҳбаташро лаҳзае ҳайрон кард. — Мошинатон ҳамин аст? Бо ҳамин мошин меравем? — пурсид ӯ ба сӯи «Волга»-и сиёҳ пеш рафта. Ба рақами мошин нигаристу баъд ба ҷавонмарди айнакдор рӯ оварда шӯхиомез гуфт: — Аз мошин бароед, як бор қаду бастатонро бинем.
Баъди вохӯрӣ бо ӯ Довар боз ба қафо гашта, ба Бадалбеку Кабир рӯ оварда гуфт:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ