Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
мешавам. Мебинӣ баъди ду-се сол аз Занҷир фақат ном мемонад! Не, балки ҳамин номамро ҳам мухтасар мекардагистанд.
— Не, номатро кӯтоҳ накун, номат оҳанги хориҷӣ дорад.
— Чаро мо ин қадар хориҷипарастем? Мардуми мамлакатҳои дигар ҳам мо баринанд? А? Боиси ин хориҷипарастӣ чи бошад, Иринабону?
— Ҳаромкорӣ, — гуфт мухтасар аз кораш сар набардошта Ирина.
— Боиси ҳаромкорӣ чист? — қонеъ намегашт Занҷир.
— Боиси ҳаромкорӣ... ба фикрам... бесоҳиб, бесару сомон будани фабрика, замин, мол — ҳамааш. Тарзи раҳбарӣ. Агар кофтан гирӣ, ба сиёсат мерасад...
— Ҳамин қадар донишмандон дорем, чаро сари вақт таъкид карда намегӯянд, ки аз паи ислоҳи кор шаванд?
— Ҳеҷ кас ба пои худаш теша задан намехоҳад...
Дар нимроғ гашту сухани Ирина дар даҳонаш монд.
Духтаре аз хонаи рӯ ба рӯ оҳиста сарашро аз дар дарун карду салом гуфт ва сипас хабар дод:
— Занҷир, ба суроғи ту омадаанд, баро.
Баъди дарро пӯшида рафтани он духтар Занҷир дақиқае хомӯш фикр карду баъд гуфт:
— Бовар мекунӣ, Иринабону, ҳозир аз дилам мегузашт, ки мурдори Бадалбек бедарак рафт, магар суханони гуфтагиамро Кабир расонда будаст...
— Кадом суханатро? Ба Кабир чӣ гуфта будӣ? — савол кард Ирина.
— Як шаб ҳамроҳи Кабир ба ёбон, ба ҷои алафдаравии мо омаданд. Худаш канортар истода, ин аҳмақро фиристодааст, ки ҳамроҳаш маро назди ӯ барад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё