Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Вай ба чеҳраи раҳгузарон, ки бо баъзе омадурафти назар дошт, гоҳе аз сари шафқат, гоҳи дигар бо нафрат менигаристу ба ҳамин тариқ хаёлтарошиҳо худро тасаллӣ мебахшид.
Шафақи ғуруб осмонро рангин карда буд. Тадриҷан тафовути рӯзу шаб аз миён сутурда мегашт, ва шаҳри заҳматпеша кам-кам рӯ ба оромию осудагӣ меовард.

  1. Ғазаби Занҷир

Рӯзи шанбе, одатан, хобгоҳи духтарон нисбат ба рӯзҳои корӣ афзунтар валвала мекард. Аз дару тирезаҳо навою тарона, садои пойкубиву кафзаниҳо ба гӯш мерасид, бӯи иштиҳоовари таомҳои миллатҳои гуногун ба ҳам омехта, атрофиёнро беқарор менамуд.
Имрӯз фақат хонаи Занҷирино хомӯш, бетараддуд ва сокит менамуд: Салима ба куҷое рафта буд, Иринаю Занҷир дар хона, ҳар кадоме ба кори худ машғул менишастанд: Ирина маҷаллаи мӯдро кушода, аз рӯи он ба коғаз нақшаеро мебардошт, Занҷир домани куртаашро ним ангушт барин ба дарун қатъ карда, кӯтоҳтар ва барашро тангтар мекард.
— Бори чандум ин куртаро кӯтоҳ мекунӣ? — пурсид Ирина аз кори худ сар набардошта бо табассум. — Ҳолӣ ба шӯям баробар бошам, гӯён ба ягон донишгоҳ ҳам медаромадагистӣ?! Як дугонаи гӯлу гаранг доштам, ба як олим расиду сонӣ институтро тамом кард, ҳозир рисолаи илмӣ менавиштаст.
— Ба қавли худат, Иринабону, ҳамхонагӣ ба ман ҳам асар кардагӣ барин. Аввал сару либос, сонӣ дигар ҳунарҳои туро ёд мегираму хаёлам нусхаи худат

пешина
аз 538
навбатӣ