Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Дар паси ин клуб боғчаи хушҳавое буд. Дар як хона
ва кафшкаши ба клуб ҳамдевор посбони ферма Шогадо
мезист. Молпарварон байни худ ин кулбаро идорахонаи
мудир мегуфтанд. Азбаски дару девори ин кулбаи
назарногир ва боғчаи он ба аксари чорвопарварон на
ҳамеша қадамрас буд, дар назарҳо асроромез ҷилва
мекард. Баъзе одамони бадгумон тахмин мегирифтанд,
ки ин хонача агар забон медошт, асрори зиёдеро ба халқ
фош мегуфт. Зирактарин кунҷковон ҳам аз хусуси гапу
корҳои ин ҷо ба қиёс гумон мебурданду бас. Боиси ба
миён омадани инчунин гумону ғайбат ва асрорангезӣ ин
буд, ки дар ин макон мудири ферма Бадалбек ҳамроҳи
зоотехник, ҳисобдор, байтор ва дигар улфатҳои дуру
наздикаш, ки ҳар замон ғун меомаданд, баъзан палав
пухта, машварат меорост. Ба ин ҳавлича баъзан
одамони ба атрофиён сирф ношинос, ки аз рӯи тамғаи
мошинҳояшон аз роҳҳои дур омаданашон аён буд, даробаро мекарданду дар дили мардум шубҳа меафзуданд.
Бадалбек баъзан аз ин макон сархуш мебаромаду, ба
назди духтарони говдӯш мерафт. Духтарон мегуфтанд,
ки вай ҳангоми сармастӣ, ҳазлкашу ширинмақол
мегардад ба ҳама атласу кимхоб, махмалу рӯмол ёфта
медиҳам гӯён кӯҳ-кӯҳ ваъдаҳо мекунад, нияти баъзеҳоро
ба ордену медал сарфароз карданашро мегӯяд. Ҳатто
яке аз духтаронро ба депутатӣ пешбарӣ кардааст, вале
«ҳоли номаша намегӯям» гӯён ин сирро пинҳон
доштанаш нуқли сӯҳбати чорвопарварон буд. Агар
кайфаш боло гирад, Бадалбек назди духтарон мерафту
ба онҳо амалан усули кор омӯхтанӣ мешуд, гоҳе ба шӯхӣ
аз милаҳои онон кашида, таъзир, медод. Ҳамаи

пешина
аз 538
навбатӣ